Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндаи СММ: "Журналистони тоҷик ба монеаҳои сунъӣ мувоҷеҳ мешаванд"


Владимир Сотиров, намояндаи дабири кулли СММ дар Тоҷикистон гуфт, рӯзноманигорони ин кишвар дастрасии ҳамешагӣ ба маноъеи иттилоотиро надоранд ва монеаҳои сунъие дар роҳи иҷрои вазоифи касбии онҳо эҷод мешавад. Ӯ дар ин бора зимни як нишасти хабарнигорон дар Қӯрғонтеппа сӯҳбат мекард.


Ҷаноби Сотиров таъкид ба он кард, ки бояд мақомоти расмӣ равобити худро бо расонаҳои гурӯҳӣ беҳтар намоянд ва худи хабарнигорон низ аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои касбиашон фаромӯш накунанд. Чун дар ҳоли акс, аҳолии кишвар пиромуни рӯйдодҳои Тоҷикистон маълумоти сареҳу саривақтӣ дарёфта наметавонанд.


Ғайбулло Афзалов, устондори Хатлон низ гуфт, бо ин вуҷуд ки шумори расонаҳои гурӯҳӣ дар ин минтақа афзун аст, аммо на ҳама проблемаҳои муҳимми рӯз аз сӯйи хабарнигорон инъикос ва баррасӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG