Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ирон Амрикоро ба таҷовузи ҳарими ҳавоияш муттаҳам кард


Телевизиони арабизабони ал - Алами Ирон аз қавли як мақоми эронӣ гуфт, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Иёлоти Муттаҳида ҳарими ҳавоии минтақаи нафтхези Хузистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби ин кишварро убур карданд.


Ин мақом гуфтааст, ки дирӯз ду ҳавопаймо самои Иронро дар шимолу ғарб таҷовуз карда ба самти шаҳри бандарии Ободон воқеъ, дар ҷанубу ғарби ин кишвар ҳаракат кард ва баъдан ба самти Ироқ парвоз намуданд.


Бо зикри ин ҳама, ин мақоми иронӣ мушаххасан нагуфт, ки ҳодисаи мазкур дар кадом вақту соат рух додааст. Ҳанӯз вокуниши Амрико ба ин хабар дастрас нест.
XS
SM
MD
LG