Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват аз сунниҳову шиаҳои Ироқ барои худдорӣ аз хушунатҳо


r

Муовини раиси ҷумҳурии Ироқ Ториқ ал Ҳошимӣ дирӯз аз сунниҳову шиаён даъват кард, ки аз таҷрибаи интиқомҷӯйӣ даст кашанд.


Дар суханроние, ки бахшида ба зодрӯзи пайғамбари Ислом - Муҳаммад (с) бахшида шуд, ӯ даъват намуд, ки масъалаи боздоштшудаҳоро ҳам бознигарӣ намуда, ба қавли вай бегуноҳонро ҷавоб диҳанд.


Феълан, дар боздоштгоҳҳои мухталиф ҳазорҳо ироқиҳои муттаҳам ба узвият дар гурӯҳои шӯришиёну ҷангиён нигаҳдорӣ мешаванд. Дар тӯли ду соли охир, бар асари хушунатҳои интиқомҷӯёнаи миёни аққалияти сунниҳову аксарияти шиаён дар саросари Ироқ даҳҳо ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG