Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи камранги миёндаврии Тоҷикистон


FM Интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи интихоботии Фирдавсии шаҳри Душанбе аз соати 6 субҳ шурӯъ шуд. Вақте ки мо аз ин ҳавза ҷараёни раъйдиҳиро назорат мекардем, дар зарфи ним соати ҳузури мо дар қитъаҳои интихоботии 2 ва 3-и воқеъ дар бинои «Тоҷикстандарт» ва мактаби рақами 28 ноҳияи Фирдавсӣ аҳён-аҳён мардум ба чашм мехӯрданд, ки сари сандуқи раъй мерафтанд.

Заррина Низомова, райиси қитъаи интихоботии рақами 2 ҳавзаи Фирдавсии пойтахт ба мо гуфт, далели камрангии ширкати мардум боду ҳаво аст. Нисфирӯзӣ низ боз ба ин ду ҳавза рафтем, аммо ҳамоно раъйдиҳандагон кам ба назар мерасиданд. Ҳикматулло Холов, узви кумисюни қитъаи интихоботии рақами 3 ҳавзаи Фирдавсӣ гуфт, ин қитъа ҳудуди 2700 раъйдиҳанда дорад ва то ба ҳол беш аз 50 фисад дар интихобот ширкат кардаанд.





Дар ҳавзаи интихоботии Фирдавсии пойтахт танҳо Маҳмадалӣ Ватанов, номзади Ҳизби халқӣ демократӣ ширкат дорад. Сайид Умар Ҳусайнӣ, номзади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ду рӯз қабл аз интихобот номзадии худро ба далели роҳ наёфтани намояндагони ҳизб ба кумисиюнҳои раъйшуморӣ гирифт. Аммо ҷонибдорони оқои Ҳусайнӣ, ки аз бозхонди ӯ бехабар будаанд, сари сандуқҳои раъй омаданд. Раҳим, як тан аз онҳо гуфт, ман омадам то ба оқои Ҳусайнӣ раъй диҳам, аммо номи ӯ хат зада шудааст. Як раъйдиҳандаи дигар, ки худро Соҳиб муаррифӣ кард, гуфт, ба баргузории интихобот шак дорад:




«Магар бо як нафар мешавад интихобот кард? Киро интихоб кунем? Ку интихоб?» Аз Мавлуда, як хонум, ки нав раъй дод, мепурсем, ки оё медонад ба киву барои чӣ раъй медиҳад: «Не. Аммо ман ба он хотир омада раъй додам, ки одами интихоб мешуда аз рӯйи виҷдон барои ободӣ кор кунад».





Ба ҳамин минвол, то соати 16-и рӯз, тибқи иттилоъи Кумиссиюни марказии интихобот, дар қитъаҳои интихоботии ҳавзаи Фирдавсии пойтахт беш аз 52 ҳазор интихобкунанда сари сандуқи раъй омада, ширкати онҳо 81, 7 фисадро ташкил додааст. Тибқи муқаррароти қавонини Тоҷикистон, ширкати бештар аз 50 фисади интихобкунандагон баргузор маънии баргузор шудани интихоботро дорад, яъне дар ҳавзаи интихоботии Фирдавсии шаҳри Душанбе интихобот баргузор гардид.

Фарҳоди Мелод, Душанбе
XS
SM
MD
LG