Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барфу борон ширкати мардумро дар интихобот маҳдуд кардааст


Ба гузориши хабарнигорони радиои Озодӣ, ҳавои сард, бориши барф дар Кӯлоб ва борон дар Душанбе ба ширкати мардум дар овоздиҳӣ таъсири манфӣ хоҳад дошт. Имрӯз дар се ҳавзаи интихоботии Тоҷикистон райъдиҳӣ ба номзадҳои узвият дар Маҷлиси намояндагон ҷараён мегирад.

Дар ду ҳавза танҳо як нафарӣ номзад аз Ҳизби халқию демократӣ ба овоз гузошта шудааст, зеро номзадҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба нишони эътироз аз аъмоли кумисюнҳои интихоботӣ ва бо нобоварӣ ба шаффофияти овоздиҳӣ аз ширкат дар интихобот дар ҳавзаҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Кӯлоби вилояти Хатлон даст кашиданд.

Бӯҳрони ахир дар Кӯлоб ба думболи аризаи бозхонди номзадии узви раёсати ҲНИТ Саидиброҳими Назар ба вуқӯъ пайваст, ки дар посух кумисюни интихоботӣ ин амалро номумкин номид ва номзад гуфтааст, ба таври иҷборӣ дар интихобот ширкат дорад. Яке аз коршиносони маҳаллӣ ба радиои Озодӣ гуфт, баъзе қонуншиканиҳоро мушоҳида кардааст, аз ҷумла имзои як шахс ба ҷои чанд интихобкунандаро.

Танҳо дар ҳавзаи ноҳияи Ҳамадонӣ номзади ҲНИТ бо номзади ҳизби ҳоким рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG