Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гирдиҳамоиҳои мухолифи ҳам дар Киев


Даҳҳо ҳазор нафар дар пойтахти Украин, дар фосилаи 300 метр аз ҳамдигар бо сабки майдонҳои Озодию Шаҳидон дар муқобили ҳам қарор гирифтанд. Бахше аз онҳо аз президенти Украин Виктор Юшченко ва бахши дигар аз сарвазир Виктор Янукович пуштибонӣ карданд.


Тазоҳурот дар ҳоле ба амал омад, ки Юшченко эътилофи ҳокимро ба нақзи қонуни асосӣ ва талошҳои ғасби қудрат айбдор карда, таҳдид дорад, ки порлумонро пароканда ва интихоботи на вэълон хоҳад кард. Заминаи бӯҳрон дар ин аст, ки депутатҳои тарафдори Юшченко ҳоло мавқеъи худро тағйир дода, ба тарафи Янукович гузаштаанд.


Шоми шанбеи 31-уми март президент Юшченко бори дигар гуфт, агар рафтори аксарияти порлумон бар пояи қонуни асосӣ қарор наиград, ӯ фармони пароканда шудани порлумонро имзо хоҳад кард. Тибқи қонуни асосӣ эътилофҳо танҳо бо иттиҳоди ҷиноҳҳо таъсис ёфта метавонанд, на бо ҳамоиши вакилони алоҳида. Рақобати Юшченко ва Янукович ҳанӯз аз замони интихобот ва инқилоби норанҷии соли 2004 шурӯъ шуда, Юшченко ғарбгаро ва Янукович русгаро шумурда мешаванд.
XS
SM
MD
LG