Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ номзади худро аз интихобот бозхонд


av

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бозхонди номзадаш аз ҳавзаи интихоботии Фирдавсии шаҳри Душанберо расман эълом дошт. Ҳикматулло Сайфуллозода, раиси маркази иттилоотиву таҳлилии ҲНИТ бо баргузории як нишасти матбуотӣ бо ширкати номзадони ин ҳизб гуфт, далели асосии бозхонди номзади ҳизб ворид нашудани аъзои он ба кумиссиюнҳои раъйшуморӣ ва беэътимодӣ ба фаъолияти Кумиссиюни марказии интихобот аст.


Роҳ наёфтани намояндагони ҲНИТ ба кумиссиюнҳои раъйшуморӣ бар асоси моддаи 16 Қонун дар бораи интихобот ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон сурат гирифтааст. Дар ин моддаи Қонун омадааст, ки аҳзоби сиёсӣ ҳаққи фаъолият дар Кумиссиюни марказӣ ва ҳавзаҳои интихоботиро доранд. Аммо дар ин модда зикр нашудаст, ки аҳзоби сиёсӣ дар қитъаҳои интихоботӣ низ метавонад шомил бошанд. Саид Умар Ҳусайнӣ, номзади бозхондашудаи Ҳизби наҳзати исломӣ аз интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Фирдавсии пойтахт гуфт, мантиқан коре, ки дар Кумиссиюни марказӣ ва ҳавзаҳо имкон дорад, бояд дар кумиссиюнҳои қитъавӣ низ роиҷ бошад. Вай афзуд, аммо инро кормандони ҳавзаи Фирдавсӣ қабул накарданд.



Тибқи иттилоъи Кумиссиюни марказии интихобот, 13 нозири байнулмилалӣ иҷозаи ширкат дар интихоботро пайдо кардаанд. Минҷумла, сафирони Амрико ва Бритониё тасмим гирифтаанд дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи Кӯлоб минҳайси нозир ширкат кунанд. Якуми апрел дар ҳавзаҳои интихоботии Фирдавсии шаҳри Душанбе, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Кӯлоби вилояти Хатлон интихоботҳои миёндавраӣ ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ҳавзаҳои Ҳамадонӣ ва Кӯлоб намояндагони Ҳизби халқӣ демократӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои курсии парлумон мубориза хоҳанд бурд. Баъди бозхонди намояндаи ҲНИТ номзади ҲХДТ дар ҳавзаи Фирдавсӣ танҳо мондааст.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG