Пайвандҳои дастрасӣ

Мадади EBRD ба соҳибкорони тоҷик


Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд гуфт, ба хотири тавсиаи соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон ба Бонки нахустини сармоягузории хурд, яке аз ҷавонтарин бонкҳои Тоҷикистон 4 миллион доллар қарзи боимтиёз медиҳад. Ин бонк дар ихтисоси қарз барои соҳибкорон дар манотиқи дурдаст, ки ба сармоя дастрасии кам доранд, муассир будааст. Бонки нахустини сармоягузории хурди Тоҷикистон барои соҳибкорони манотиқи дурдаст ҳатто қарзҳои хурдтари то 1000 долларӣ ихтисос медодааст.


Қарзи нав дар чаҳорчӯби барномаи махсуси Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд барои Тоҷикистон ихтисос дода мешавад, ки соли 2003 ба иҷро даромад ва соли гузашта тавсиа ёфт. Ҳадафи ин барнома ихтисоси қарзҳои кӯчак ва миёна барои соҳибкорон дар Тоҷикистон аст. Аз замони шурӯъи иҷрои барнома то поёни соли 2006 ба соҳибкорони тоҷик 18 ҳазор қарз дар ҳаҷми то 3 ҳазор долларӣ дода шудааст.


Фернанд Пиллонел, раҳбари дафтари Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд гуфт, ки 4 миллион доллар барои Бонки нахустини сармоягузории хурди Тоҷикистон дороии бонки мазкурро афзоиш дода ва ба он имкон медиҳад, то ки доманаи фаъолияти худро то ба манотиқи дурдасттарини кишвар паҳн кунад, ки тақозо ба сармоя дар он манотиқ дар ҳоли афзоиш аст.
XS
SM
MD
LG