Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Танқиди вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон


Миклош Ҳарастӣ, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот дар гузориши тозаи худ усули сабти номи нашрияҳо дар Тоҷикистонро танқид кардааст.


Дар ин гузориш, ки доир ба расмиёти сабти номи нашрияҳо дар чанд кишвари узви САҲА мебошад, Қонуни Тоҷикистон доир ба матбуот ва дигар васоити ахбори омма танқид шудааст. Миклош Ҳарастӣ гуфтааст, қонуни мазкур нашрияҳои давлатиро аз муқаррароти сабти ном озод мекунад ва бад ин тарз нашрияҳоро дар ҳоли нобаробар мегузорад. Миклош Ҳарастӣ ба ин хотир тавсия додааст, ки ниҳоде, ки нашрияҳоро сабти ном мекунад, бояд комилан мустақил бошад ва барои тамоми расонаҳо меъёрҳои ягона муқаррар кунад, на танҳо барои расонаҳое, ки ҷонибдори ҳукумат ҳастанд.


Дар робита ба ҳаққи сабти номи расонаҳо Миклош Ҳарастӣ гуфтааст, маблағ барои сабти ном набояд, монеъае барои сабти номи расона шавад. Дар ин зимн Миклош Ҳарастӣ ба кишварҳои узви САҲА тавсия додааст, ки муқаррароти сабти номи дубораро аз байн бубаранд ва барои сабти ном ҳаққи минималӣ ва мувофиқ ба вазифа талаб кунанд.


Дафтари намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот дигарбора таъкид кардааст, ки омода аст, ба кишварҳои узви созмон барои тағйир додани муқаррароти сабти ном ва эҷоди як низоми соддаи сабти номи расонаҳои чопӣ кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG