Пайвандҳои дастрасӣ

Асирони барфу тармаи ағбаи Шаҳристон


ШР

Барфу тарма шоҳроҳи Душанбе -- Хуҷандро аз ду тарафи ағбаи Шаҳристон масдуд карда, сабаби асорати сарнишинони наздик ба 100 мошини боркашу сабукрав дар ин қисмати роҳ шудааст.


Ниҳодҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба тармими роҳ шурӯъ кардаанд ва Кумитаи вазъи изтирорӣ бо чархбол ба гирифторон ғизо ва кампал расондааст.


Яке аз ронандагон Комилҷон Раҳмонқулов ба воситаи телефони ҳамроҳ ба радио Озодӣ гуфт, эҳтимолан шумораи мошинҳои бандшуда хеле бештар аз 100 адад бошад. Вай гуфт, вазъи одамон дар ҳоли ҳозир хуб аст.


Дар ҳамин ҳол бо сабаби баҳману сангрез дар ҳарду тарафи нақби Истиқлолият ҳаракат аз он низ қатъ шудааст. Манзур Раҷабов, корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ аз даромадгоҳи шимолии нақб ба воситаи телефони ҳамроҳ гуфт, ҳоло ҳафт булдозер ба боз кардани роҳ машғуланд.


Ба гуфтаи манобеъи расмӣ дар назди нақб аз аввали сол то ҳоло бар асари барфу тарма ва ярч 6 садама ба амал омада, 11 нафар кушта ва 9 тан захмӣ шудаанд.
Шоҳини Равшан, шаҳри Панҷакент
XS
SM
MD
LG