Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Иттиҳоди Аврупо ба Эрон


Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо, зимни мулоқот дар Бремени Олмон, аз Эрон хостанд, маллоҳони боздоштшудаи бритониёиро фавран озод кунад. Дар изҳороти худ онҳо ҳамчунин аз Бритониё бидуни шарту қайд пуштибонӣ карда, ба Теҳрон ҳушдор додааанд, ки дар сурати идомаи бӯҳрон бо чораҳои ҷавобӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аз Эрон даъват карданд, билофосила ҳукумати Бритониёро аз макони нигаҳдошти маллоҳон огоҳ кунад.


Изҳороти вазирони Иттиҳоди Аврупо ба думболи қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид садо дод, ки аз бӯҳрони марбут ба боздошти маллоҳони бритониёӣ "нигаронии сахт" изҳор карда, низ хостори раҳоии низомиёни Бритониё шудааст. Вале Русия хостори як таҳқиқи мустақилонаи ин бӯҳрон гашта, гуфтааст, ин таҳқиқро бояд СММ анҷом диҳад.


15 маллоҳи бритониёӣ рӯзи 23-юми март аз тарафи нирӯҳои Эрон боздошт шуданд. Теҳрон мегӯяд, онҳоро барои вайрон кардани ҳарими обии Эрон ба асорат гирифтааст ва дар додгоҳ муҳокима хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG