Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмаки ройгони ИМА ба бемористонҳои Суғд


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба беморхонаҳои вилояти Суғд дар чаҳорчӯби барномаи «Норе» («Мадад») ба маблағи беш аз чаҳордаҳ миллион доллар кӯмаки тиббӣ ироа кард. Маросими супурдани ин кӯмаки ройгон дар рӯзи ҷумъаи 30 - юми март дар беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.


Зимнан,ба ин беморхона низ ба маблағи беш аз як миллион доллар дорувории бепул супурда шуд. Трейси Ҷейкобсон - сафири ИМА дар Тоҷикистон зимни тақдими кӯмаки тиббӣ ба бемористонҳои суғд гуфт,ки имсол чунин кӯмакҳои тиббӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби ин кишвар се маротиба расонида хоҳад шуд. Ӯ афзуд: «Ҳама шаҳрвандони ИМА мехоҳанд ба мардуми Тоҷикистон, ба хусус - бачаҳо, чунин кӯмакҳои башардӯстона бирасонанд. Ингуна иқдом барои мо низ, чун инсон, бисёр муҳим аст.»


Хонум - Ҷейкобсон афзуд, ки расонидани кӯмакҳои башардӯстонаи тиббӣ аз самтҳои аслии ҳамкории ИМА бо Тоҷикистон мебошад. Ӯ гуфт, ИМА барои давлат ва мардуми Тоҷикистон ҳадафҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад ва ин ҳадафҳо - пешбурди ислоҳоти демократӣ, рушди иқтисодӣ ва таъмини амният мебошад. Аммо дар ҷомеае мешавад ба ин гуна ҳадафҳо даст ёфт, ки сокинонаш солим ва тандуруст бошанд.



Муовини сарвари идораи тандурустии вилояти Суғд - Раҳимҷон Саидов бо назардошти он ки бемористонҳои Суғд аз нигоҳи таъминоти доруву дармон, лавозимот ва таҷҳизоти тиббӣ сахт танқисӣ мекашанд, кӯмаки тиббии амрикоро басо зарурӣ ва саривақтӣ хонд: «Доруҳое, ки ҳозир гирифтем, беш аз 50 намуд мебошад. Ин дорувор, агар мо дуруст истифода кунем, барои ҳама беморҳои вазнини беморхонаҳои Суғд кифоят мекунад.»



Тоҷикистон аз ИМА аз соли 2001 - и милодӣ ба ин сӯ ба маблағи 135 миллион доллар кӯмакҳои ройгони дорувор ва лавозимоти тиббӣ дарёфт кардааст. Дар ин маврид Трейси Ҷейкобсон - сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо хабарнигорон дар Хуҷанд афзуд, ки ИМА дар соли 2007 инчунин ба хотири рушди иқтисод, таъмини амният, беҳбуди системаҳои ҳифзи сиҳат ва маориф, пешрафти ислоҳоти демократӣ, дастгирии барномаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои хабарӣ ба маблағи 50 миллион доллари амрикоӣ кӯмакҳои башардӯстонаи билоиваз дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд.
XS
SM
MD
LG