Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номзади ҲНИТ аз идомаи мубориза дар интихобот даст кашид


Саидумар Ҳусайнӣ, номзади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳавзаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз идомаи мубориза дар интихоботи миёндаврии Маҷлиси Намояндагон, ки якуми апрел баргузор мешавад, даст кашид.


Иллати ин тасмим ворид нашудани намояндаҳои ҲНИТ дар ҳайъати кумиссиюнҳои раъйшуморӣ дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Фирдавсӣ унвон шудааст.


Оқои Ҳусайнӣ дар ҲНИТ муовинатии раисро бар дӯш дорад ва ахиран, аз ҷониби ҲНИТ ба ҳайси номзад ба вакилӣ дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Фирдавсӣ пешниҳод шуда буд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз кумисиюни ҳавзаи интихоботии Фирдавсии шаҳри Душанбе хостори ворид кардани намояндагонаш ба ҳайати кумисиюнҳои қитъавӣ шуда буд.


Ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ дархости Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро рад ва ҳизб аз болои кумисиюни ҳавза ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурд. Додгоҳи ноҳия бо тасвиби як қарор шикояти Ҳизби наҳзати исломиро қонеъ накард. Ва ахиран додгоҳи шаҳри Душанбе низ қарори додгоҳи ноҳияро бетағйир гузошт.
XS
SM
MD
LG