Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Mанъи фурӯшгарии хориҷиён дар Русия


Ҳомидҷон Аҳмадзода, як тан аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар ҳошияи дафтари радиои Озодӣ дар Маскав хушкмева мефурӯшад, мегӯяд, ман пас аз якуми апрел ҳам фурӯшандаи рус намегирам, аммо онҳое ки асноди қонунӣ надоранд, маҷбуранд фурӯшанда бигиранд, вале ин на бар зарари соҳиби бору дӯкон, балки бар зиёни харидор хоҳад буд.

Як пирзани масковии муштарии хушкмеваи тоҷикӣ ҳам тааҷҷуб кард, чаро ин қонуни зиддибашарӣ то кунун лағв нашудааст ва афзуд, аз ин қонун ҳеҷ некие интизор надорад.

Наталя Зотова, масъули омӯзиши вазъи муҳоҷират аз пажӯҳишгоҳи мардумшиносии Фарҳангистони Русия низ бар он аст, қонуне, ки дар Русия аз 15 январ фаъол шуд ва 1 апрел марҳалаи дуввуми он оғоз мешавад, мардуми бумӣ, ба вижа қишри бебизоати онро ба нархҳои гарон рӯбарӯ хоҳад кард, вале ба даромади муҳоҷирон хеҷ таъсире нахоҳад дошт, ба далели ин ки муҳоҷир фаъолтарин ҷузви ҷомеъа ба шумор меравад ва ба ҳар гуна мушкилот тавони муқовиматро дорад.

Бахтиёр, як тан аз тоҷирони тоҷики бозори Черкиз ба дидгоҳи коршиноси пажӯҳишгоҳи мардумшиносии Русия мувофиқ аст. Бахтиёр мегӯяд, наздик ба 80 дар сади шиносҳояш дар бозори Черкиз асноди ҳуқуқӣ дарёфт карданд ва аз қонуни нави Русия ҳаросе надоранд.

Дилшоди Саид аз бозори фурӯши масолеҳи бинокорӣ дар минтақаи Митишии остони Маскав ҳам мегӯяд, дар кори бозори онҳо қонуни ҷадиди Русия халале ворид накардааст.

Лозим ба ёдоварист, ки аз бозорҳо рондани мардуми ғайр ва ё хориҷиён аз Русия, бо дастури мустақими раиси ҷумҳур В.Путин анҷом мешавад. Путин дар охирин нишасти хабарии худ дар Кремл ба такрор таъкид кард, ки муҳоҷирон дар бозорҳо ҷои мардуми таҳҷоиро танг карданд. Ва аммо Наталя Зотова, таҳлилгари масоили муҳоҷират дар пажӯҳишгоҳи мардумшиносии Русия қонуни маҳдудсозии ширкати муҳоҷирон дар кори бозор дар кишвари худро зиддибашарӣ меҳисобад.

Бино ба оморҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ дар Русия ҳудудан як миллион муҳоҷири кории тоҷик ба сар мебарад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бахши аъзами муҳоҷирони тоҷик дар сохтмонҳо кор мекунад. Қонуни нави муҳоҷиратии Русия ба муҳоҷироне ки дар сохтмонҳо кор мекунанд, ғараз надорад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG