Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи қазияи боздошти маллоҳони Бритониё


Шӯрои амнияти СММ дар изҳороте аз боздошти 15 маллоҳи бритониёӣ аз ҷониби Эрон нигаронии амиқ баён кард.


Аммо бо ин вуҷуд, Бритониё натавонист дар ин замина ба изҳороти шадидуллаҳни СММ даст ёбад. Бо ин ҳол, сафири Бритониё дар СММ Эмир Ҷонс Парри гуфт, ки изҳороти СММ ба Теҳрон пайғоми дурустро барои озод кардани бритониёиҳо ва раҳоии билофосилаи онҳо хоҳад фиристод.


Эрон гуфт, ки изҳороти Шӯрои амният бефоида аст. Инчунин дирӯз Теҳрон номаи дуюмеро ба нашр расонд, ки эҳтимол дорад ба қалами зани маллоҳ тааллуқ дорад. Дар ин нома Фае Тӯрни иқрор мекунад, ки онҳо вориди обҳои Ирон шуданд ва аз Бритониё даъват мекунад, ки аз қаламрави Ироқ хориҷ шавад.


Лондон ин пайғомро "золимона" арзёбӣ намуд. Рӯзи чоршанбе Эрон ваъда дод, ки ба зудтарин фурсат Тӯрнейро озод хоҳад кард. Аммо рӯзи панҷшанбе фармондеҳи нирӯҳои эронӣ Алиризо Афшор гуфт, ки тасмими озодшавии вай боздошта шуд. Шоми панҷшанбе телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинаҷод барои озод кардани Тӯрней дархости Туркияро тақозо хоҳад кард.


Нахуствазири Бритониё Тони Блэр гуфт, ки шароити нигаҳдории зиндониҳо "беобрӯйӣ" аст.
XS
SM
MD
LG