Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи бӯҳрони сиёсӣ дар Қирғизистон


Ду ҳаракати мухолифини Қирғизистон гуфтааст, ки ба ҳайати ҳукумати эътилофии кишвар шомил нахоҳанд шуд. Чунин тасмим дар ҷараёни мулоқоти раҳбарони ин ду гурӯҳ - ҷумбиши "Барои ислоҳот" ва "Фронти муттаҳида барои ояндаи шоистаи Қирғизистон" гирифта шуд.


Узви ҷумбиши Фронти муттаҳида Омурбек Абдураҳмонов дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ин ду ҷумбиш қарор карданд, ки фаъолиятҳои сиёсии худро муштаракан анҷом диҳанд ва ба ҳукумати эътилофие, ки аз ҷониби Алмос Отамбоев раҳбарӣ мешавад, напайванданд.


Рӯзи панҷшанбе раиси ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев бо як амри худ номзадии раҳбари ҳизби сотсиал-демократ ва узви ҷумбиши Қирғизистони муттаҳида Алмос Отамбоевро ба вазифаи нахуствазирӣ пешбарӣ кард.


Чунин таҳаввулот баъди истеъфои нахуствазир Азим Исобеков сурат гирифт, ки рӯзе пеш дар барканоркунии панҷ вазири давлатӣ ноком шуд. Парлумони Қирғизистон ҳамакнун бояд барои номзадии Отамбоев раъй диҳад.
XS
SM
MD
LG