Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гейтс ба бастани Гуантанамо даъват кард


Вазири дифои ИМ Роберт Гейтс дар муроҷиат ба Конгресс ва Кохи Сафед даъват кард, ки роҳи басташавии зиндони Гуантанамаро дар ҷазираи Куба андеша кунанд.


Гейтс, ки дар Вашингтон дар баробари Конгресс роҷеъ ба хароҷоти масоили дифоии кишвараш сӯҳбат мекард, гуфт, ки вай ба басташавии Гуантанамо бартарӣ медиҳад, ҳарчанд баъзе боздоштшудаҳо, бино ба баёноташон, набояд ба ҳеҷ ваҷҳ озод шаванд.


ИМА пайваста таҳти танқиди ҷомеаи байналмилӣ қарор дорад, ки 385 зиндонии Гуантанамо, аъзои собиқи ал -Қоида ва Толибонро мӯҳлати тӯлонӣ бидуни мурофиаи додгоҳӣ нигоҳ медорад.
XS
SM
MD
LG