Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавишти ёрони Ҷумъаи Намангонӣ


Брюс Паннир Толибон эълон карданд, ки мусаллаҳони ӯзбакистонӣ наздик ба 10 000 нафаранд ва аз онҳо даъват шудааст, ба Афғонистон ворид шуда, дар вилояти Ҳилманд ба сафи Толибон бипайванданд.

Рӯзномаи "Dawn"-и чопи Исломобод дар як матлаби худ рӯзи якшанбеи 25-уми март низ шумораи мусаллаҳони ӯзбактаборро наздик ба 10 000 нафар номид. Сухангӯйи ISAF ё Нирӯҳои кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон Том Коллинз дар Кобул гуфт, аз эъломияи ахири Толибон хабар дорад, вале саломати шумораи мусаллаҳонро рад мекунад:

"Ба назари ман, ин эҳтимолан як ҷанбаъи талошҳои таблиғотии Толибон аст. Мусаллаҳони хориҷӣ дар ин ҷо хеле каманд ва ман намехоҳам, иддаъои ирсоли 10 ҳазор рамзандаи хориҷиро ба Афғонистон ҷиддӣ гирам."

Таҳлилгари покистонӣ, муаллифи чандин китоб аз таърихи ҷумбишҳои тундрави исломӣ, Аҳмад Рашид, мегӯяд, теъдоди мусаллаҳони ӯзбактабор дар Вазиристони Ҷанубӣ чандон бузург нест, вале онҳо дар вазъи бисёр сангин қарор доранд:

"Онҳо беилоҷанд ва гумон намекунам, дар чунин ҳолат силоҳи худро ба замин гузоранд. Биноан ин гурӯҳ бисёр муқтадир аст, ҳарчанд шояд ҳамагӣ аз якуним то ду ҳазор нафар узв дошта бошад. Онҳо медонанд, ки агар халъи силоҳ шаванд, аз тарафи қабилаҳои маҳаллӣ маҳв хоҳанд гашт ва ё аз тарафи артиши Покистон ё амрикоиҳо."

Бархе аз таҳлилгарони дигар низ шумораи размандагони ӯзбактаборро чизе миёни 800 то 1000 нафар меноманд. Вале аксари онҳо таҷрибаи ҷангии онҳоро низ эътироф мекунанд.

Аммо оё чунин вазъи буғранҷ бо мусаллаҳони ӯзбактабор чаро ва аз куҷо сар шуд? Дар посух ба ин суол, Латифи Афридӣ, яке аз сарони қабоил ва собиқ вакили порлумони вилояти марзии Покистон, мегӯяд, ҳоло Толибон талош доранд, мусаллаҳони ӯзбактабор ва қабилаҳои Вазиристони Ҷанубиро бо ҳам оштӣ диҳанд, аммо тарафи қавитари масъала ин аст, ки ин қабоил бо ҳукумати Покистон дар бораи рондани мусаллаҳон паймон бастаанд. Вай мӯътақида аст, ки чунин сулҳе миёни қабоил ва мусаллаҳони ӯзбактабор ба миён нахоҳад омад. Пас онҳо бояд минтақаро тарк кунанд. Аммо бозгашти онҳо ба Афғонистон, ба ақидаи Афридӣ як кори сахте хоҳад буд:

"Агар онҳо Покистонро тарк кунанду ба Афғонистон ворид шаванд, он ҷо ҳеч ёру дӯсте нахоҳанд дошт. Пеш аз ҳама онҳо бо нирӯҳои НАТО ва Иёлоти Муттаҳида рӯбарӯ хоҳанд шуд ва даҳҳо нафарашон кушта хоҳад шуд. Дар афғонистон онҳо аз он кӯмакҳое ки дар Покистон гирифта метавонанд, маҳрум мешаванд. Пуштибоние ки онҳо дар Покистон доранд, дар ҳеч ҷои дигар нахоҳанд дошт. Ва ин аст, сабаби он ки онҳо намехоҳанд ба Афғонистон баргарданд, сабаби он ки мегӯянд, танҳо дар Ӯзбакистон ҷиҳод хоҳанд кард."

Таҳлилгари афғон дар Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Амини Тарзӣ, мегӯяд, дарвоқеъ танҳо Ӯзбакистон ва ё дастикам Осиёи Марказӣ, мумкин аст, ягона ҷое бошад, ки ин мусаллаҳони ӯзбактабор ҷое барои худ ёфта тавонанд. Аммо аз Вазиристони Ҷанубӣ то Ӯзбакистон ё Осиёи Марказӣ роҳ хеле дур ва пурхатар аст. Оё чӣ гуна онҳо метавонанд худро ба ин минтақа бирасонанд? Амини Тарзӣ мегӯяд: "Онҳо метавонанд аз Читрали Покистон ба Бадахшони Афғонистон ва аз он ҷо ба Бадахшони Тоҷикистон гузаранд ва дар он ҷо минтақае ҳаст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба он камтар тасаллут дорад."

Ба ақидаи бархе аз таҳлилгарон, Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар Осиёи Марказӣ фаъол аст. Як нишонааш дар он аст, ки аз Тоҷикистон ва Қирғизистон пайваста дар бораи ҳабсу маҳкумияти аъзо ва тарафдорони ин гурӯҳ хабар мерасад. гуфта мешавад, онҳо дар чанд ҳамлаҳои кӯчак масъул будаанд ва агар
мусаллаҳони ӯзбактабор аз Вазиристони Ҷанубӣ ба Осиёи Марказӣ баргарданд, шумораи тарафдорони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва таҳдидҳо ба амнияти минтақа ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт.

Иттилоъи иловагӣ:

Мусаллаҳони ӯзбактабор бо зуҳури худ дар ҷануби Қирғизистон дар соли 1999 дар сархатти хабарҳои ҷаҳон қарор гирифтанд. Онҳо бо нирӯҳои Қирғизистон даргир шуданд, дар ҳоле мегуфтанд, ҳадафашон вуруд ба Ӯзбакистон аст. Вале пеш аз ин гуфта мешавад, онҳо дар таркиби Иттиҳоди оппозисюни Тоҷикистон зидди ҳукумати Эмомалии Раҳмон меҷангиданд. пас аз имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон дар соли 1997, зери фишори Ӯзбакистон оппозисюни тоҷик маҷбур шуд, аз онҳо фосила бигирад ва ҳукумати Тоҷикистон дар соли 1998 эълон кард, ки мусаллаҳони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон аз кишвар ихроҷ шудаанд.

Бори дуввум дар соли 2000-ум мусаллаҳони ӯзбактабор талош карданд ва Ӯзбакистон ворид шаванд. Онҳо тавонистанд дар чанд минтақаи Ӯзбакистон бо полис ва нирӯҳои марзбон вориди ҷанг шаванд. Ҳукумати Ӯзбакистон гуфт, онҳоро шикаст додааст.

Дар ҳамлаҳои ҳавоии нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар моҳи ноябри соли 2001 дар шимоли Афғонистон урдугоҳи мусаллаҳони ӯзбактабор тахриб гашта, аз ҳалокати раҳбари он Ҷумъаи Намангонӣ хабар расид ва сипас иттилоъ расид, ки онҳо дар Покистон паноҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG