Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷозеф Блаттер ба Тоҷикистон омад


Ба иттилоъи масъулини Федеросиюни футболи Тоҷикистон, раҳбарони олимақоми созмонҳои ҷаҳонию қитъавии футбол тибқи барномаи «Гол - 2» - и FIFA рӯзи ҷумъаи 30-юми март дар шаҳри Норак сохтмони ҷадид- майдончаи замонавиро барои бозии футболи хурд расман ифтитоҳ мекунанд. Сипас баъд аз зуҳр раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон бо раиси FIFA Ҷозеф Блаттер ва раиси AFC Муҳаммад бин Ҳамом мулоқот хоҳад кард.

Ва як хабари дигар. Мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон байни наврасону духтарон дар шаҳри Душанбе рӯзи 29-уми март ба анҷом расид. Сардовари ин мусобиқа Рашид Ҳусейнов ба радиои Озодӣ гуфт,
дар рақобатҳои инфиродӣ беш аз 70 нафар шатранҷбозони синнашон аз 8 то 20-сола аз манотиқи мухталифи кишвар дар 7 гурӯҳ ширкат карданд.

Дар ҳамаи гурӯҳҳо шатранҷбозони шаҳри Душанбе ғолиб омаданд. Мунир Шарифов ва Сафина Исоева дар сабқати шатранҷбозони то 8-сола, Алишери Мӯъмин ва Мутрибаи Илҳом байни то 10-солаҳо, Шодмон Мирзоев ва Сарвиноз Каримова байни то 12-солаҳо, Шаҳбоз Мақсудов ва Марворид Насриддинова байни то 14-солаҳо, Икром Илҳомзода ва Меҳрангез Раҳматова байни то 16-солаҳо, Темур Гадоев ва Надежда Антонова байни то 20-солаҳо мақоми аввалро касб карданд.

Беҳтаринҳо дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи май дар шаҳри Тошканд дар мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Осиё байни шатранҷбозони аз 16 то 18-сола ширкат хоҳанд кард.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG