Пайвандҳои дастрасӣ

Нозирони ҲНИТ ба кумисюнҳои интихоботӣ роҳ наёфтанд


Додгоҳи шаҳри Душанбе дархости ҲНИТ дар мавриди ворид кардани намояндагонаш ба ҳайати кумисиюнҳои раъйшуморӣ дар ҳавзаи интихоботии Фирдавсии пойтахтро қонеъ накард.


Муҳиддин Кабирӣ райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт то лаҳзаҳои охирин ҳизбаш умедвор буд, ки додгоҳи шаҳри Душанбе қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро рад мекунад. Қаблан Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз кумисиюни ҳавзаи интихоботии Фирдавсии шаҳри Душанбе хостори ворид кардани намояндагонаш ба ҳайати кумисиюнҳои қитъавӣ шуда буд.


Ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ дархости Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро рад ва ҳизб аз болои кумисиюни ҳавза ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурд. Додгоҳи ноҳия бо тасвиби як қарор шикояти Ҳизби наҳзати исломиро қонеъ накард. Ва ахиран додгоҳи шаҳри Душанбе низ қарори додгоҳи ноҳияро бетағйир гузошт.


Бо ҳамин гуна дархост ҲНИТ ба додгоҳи шаҳри Кулоб низ муроҷиат кардааст. Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ гуфт дар ҳоли қонеъ нашудани дархости ҳизб дар додгоҳи Кӯлоб номзади ҳизб аз ин ҳавза низ худ тасмим хоҳад гирифт, ки дар интихобот ширкат мекунад ё на.


ҲНИТ ду чеҳраи шинохтааш Сайид Умар Ҳусайнӣ - муовини райиси ҳизбро дар ҳавзаи Фирдавсии пойтахт ва Сайид Иброҳими Назар райиси кумитаи фарҳангии ҳизбро дар ҳавзаи Кӯлоб ширкат медиҳад.
Фарҳоди Мелод, Душанбе
XS
SM
MD
LG