Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон моликияти худ дар Ушро аз даст медиҳад


Уш - Хоруғ

Аз нӯҳ муассисаи бузурги таъминотиву нақлиётии мансуб ба Тоҷикистон дар шаҳри Уши Қирғизистон 7-тоашон аллакай бо молу амволашон аз ҷониби шаҳрвандони кишвари ҳамсоя хусусӣ ва ба мақсадҳои тиҷоратӣ истифода шудаанд. Бештар аз нисфи ҳаққи моликияти муассисаи калонтарини нақлиётӣ низ ба атбоъи Қирғизистон тааллуқ гирифта, танҳо бинои идора ва қисме аз қароргоҳи автомобилии онро як шаҳрванди Тоҷикистон харидорӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, тақдири ягона муассисаи боқимондаи мансуби Тоҷикистон дар Уш - базаи савдои яклухт бино ба мушкилоти дарёфти мақоми ҳуқуқӣ номуайян боқӣ мемонад. Сардори навтаъиншудаи ин муассиса Мабатқадам Абдулхолиқов гуфт, ки, аз соли 1996 инҷониб база дар назди идораи молияи Қирғизистон қарздор мебошад.

Вай афзуд, мушкилоти дарёфти мақоми ҳуқуқии муассиса бо айби масъулин дар солҳои қаблӣ ба дунболи берун мондан аз ҷараёни аз нав ба қайдгирии корхона ва муассисаҳо дар Вазорати адлияи Қирғизистон зуҳур кардааст. Сардори муассиса гуфт, алҳол вай барои сабт кардани муассиса дар вазорати адлияи Қирғизистон талош меварзад ва ба кӯмаки мақомоти ВМКБ ниёз дорад.

Сардори муассиса баён дошт, бино ба мавқеъияти мусоиди база, ки он рӯ ба рӯи истгоҳи роҳи оҳан ҷой гирифтааст, дар байни атбоъи тоҷику қирғиз хоҳишмандони молики он шудан кам нестанд.

Аммо ба фикри сардори муассиса, ин ягона моликияти мансуби Тоҷикистон, ки дар шаҳри Уш боқӣ мондааст, бо назардошти густариши равобити ҳамлу нақлӣ ва таҷдиди роҳҳои автомобилӣ барои соҳибкорони манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ аз аҳамияти вижа бархурдор буда ба ҳифозат ниёз дорад. Ӯ гуфт, муассиса бо маҷмӯъи биноҳояш на фақат барои тоҷиктаборони Уш, балки барои тоҷирон аз Бадахшон, Ҷиргатол, Рашт ва Хуҷанд зарур аст.

Сардори муассиса изҳори умед кард, ки мақомоти ҷумҳуриявӣ ва вилояти мухтори Бадахшон ҳалли мушкилоти муассиса ва фаъолсозии он таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳанд кард. Вай гуфт, ин муассиса бояд тобеъи ягон идораи вилоятӣ ё ҷумҳуриявӣ бимонад ва ё ба ягон соҳибкори тоҷик фурӯхта шавад, ба шарте ки молики он ҳаққи фурӯши минбаъдаи онро надошта, метавонад онро танҳо аз рӯи таъиноташ мавриди истифода қарор бидиҳад.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки азбаски аксари идораву муассисаҳои мансуби Тоҷикистон дар Уш бо назардошти ниёзи минтақаи Бадахшон таъсис ёфта буданд, аз даст рафтани онҳо сиёсати ғайрифаъоли мақомоти Бадахшон дар равобити иқтисоди берунӣ бозгӯ мекунад.

Аммо дар идораи амволи вилоят изҳор доштанд, ки онҳо дар ҷараёни хусусигардонии моликияти мансуби Тоҷикистон дар шаҳри Уши Қирғизистон ширкат наварзидаанд, зеро аксари муассисаву идораҳо аз ҷиҳати тобеъият мақоми ҷумҳуриявиро доро будаанд.
XS
SM
MD
LG