Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналистон ба "Барқи Тоҷик" эътимод надоранд


Нашрияҳои бонуфуз ва анҷуманҳои хабарнигории Тоҷикистон аз мушкилоти атрофи бӯҳрони барқ дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда аз ҳукумат даъват кардаанд, ки мавқеи худро дар робита ба фаъолияти раҳбарияти риштаи энержии кишвар, ба вижа ширкати «Барқи Тоҷик» рӯшан кунад.


Дар муроҷиатномаи ноширон унвонии ҳукумати Тоҷикистон инчунин омадааст, дар пайи таҳлили матолиби сершумор ва номаҳои хонандагон ба идораҳои васоити ахбор мешавад хулоса кард, ки дар ҷомеа нисбат ба раҳбарияти риштаи энержии кишвар як бӯҳрони беэътимодӣ эҷод шудааст.


Ба ҷузъ ин, ноширон як идда камбудии кори ширкати «Барқи тоҷик»-ро дар ин нома рӯшан кардаанд, мисли ин ки мақомоти ширкат дастрасии хабарнигоронро ба иттилои мунсифонаву сареҳ маҳдуд мекунанд, реҷаи муайяншудаи интиқоли барқ риоя намешавад, адами феҳрасти мушаххаси иншооти ҳаётан муҳим, ки маҳдудияти таҳвили барқ ба онҳо дахл надорад, ин ҳама ба гуфтаи нигорандагони муроҷиатнома, гувоҳи фаъолияти ғайрикасбии мақомоти «Барқи Тоҷик» мебошад.
XS
SM
MD
LG