Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо: Ҳамкории бештар бо Осиёи Марказӣ


Дар ин мулоқот ёдоварӣ шуд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ дорои панҷ дарсади захоири энержии ҷаҳон, аз ҷумла дорои захоири ғании нафту гоз ва урониюм мебошад. Бо назардошти ин нукта Франк Волтер Штайнмайер-вазири хориҷаи Олмон, яъне кишваре, ки ҳоло раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар уҳда дорад, дар мулоқот гуфт, ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам Иттиҳодияи Авпупо хостори иҷоди стротегияи расмии Иттиҳодияи мазкур барои Осиёи Марказӣ мебошанд. Оқои Штанмейер дар робита бо чунин стротегия гуфт:


"Таҳкими равобити иқтсодӣ байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ кори дарозмуддат аст. Ин масъала дар зимн марбут ба масофатҳои тулонии байни ду минтақа ва марбут ба роҳҳои мушкили нақлиётӣ ва шариоти сиёсӣ мешавад".

Худи кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро судманд медонанд. Ҳамроҳхон Зарипов-вазири хориҷаи Тоҷикистон зимни суханони худ дар мулоқоти Остона гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар давоми 15 соли истиқлолияти худ бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ доштаанд. Вале ба гуфтаи оқои Зарипов, мулоқоти Остона ин ҳамкориҳоро ба сатҳи кайфиятан навин болотар хоҳад бурд:


"Мулоқоти имруз роҳро барои шеваҳои кайфиятан навини ҳамкориҳои байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо боз мекунад. Мо хуб медонем, ки Осиёи Марказӣ, яъне Осиёи Марказии воҳид метавонад ҳам дар бахши иқтисод ва ҳам дар бахшҳои дигар мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии ҷаҳониён қарор бигирад. Ба ҳамин сабаб, ман фикр мекунам, ки ин қабил мулоқотҳо дар оянда имкон медиҳад, ки мо бо кушиши муштарак иттиҳоди ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро таъмин кунем ва ба ҳамин тартиб ба арсаи байналмилалӣ роҳ ёбем" .

Барои тавсеъаи ҳузури худ дар Осиёи Марказӣ солҳои ахир миёни кишварҳои бузург навъе мусобиқа оғоз шудааст. Ба ҷуз аз Руссия, ки худро меросбари аслии захоири энержии ин минтақа медонад, солҳои ахир Чин ҳам дар минтақа дунболи ҳадафҳои стротегии худ мегардад. Рустам Ҳайдаров-коршиноси Бунёди ғайридавлатии олмонӣ бо номи Фридрих Эбберт дар Тоҷикистон дар суҳбат бо мо дар ин бора чунин изҳори ақида кард:


"Иттиҳодияи Аврупо ягона нируи геополитикӣ мебошад, ки манфиъатҳои сиёсиву иқтисодӣ дар ин ҷо надорад, дар ҳоле, ки Руссия ва Чин барои чунин манфиъатҳои худ ба ин ҷо меоянд ва ҳар вақт метавонанд бозии худро вобаста ба дигаршавии вазъи минтақа дигаргун созанд. Вале Иттиҳодияи Аврупо наметавонад аз манфиъати ягон давлати муайяни аврупоӣ ҳимоя кунад. Аз ин ру, ҳар кишвари Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад ҳамкориро дар бахшҳои иқтисодӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амният бо Осиёи Марказӣ тавсеъа диҳад. Ба ҳамин сабаб мо тоҷикон бояд бо кишварҳое бештар ҳамкорӣ кунем, ки аз паси манфиъатҳои геополитикии худ намегарданд".


Дар ҳамин ҳол Тураҷи Атобакӣ-таҳлилгари умури минтақа дар донишгоҳи Амстердами Ҳолланд мегуяд, Иттиҳодияи Аврупо бо Осиёи Марказӣ дар се замина ҳамкориҳояшро пеш хоҳад бурд:


"Нахуст дар заминаи таъмини энержӣ, дуввум, мубориза бо маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз интиқоли ин мавод аз Афғонистон ба Аврупо. Заминаи севвуми ҳамкорӣ дифоъ аз ҳуқуқи башар ва роҳ надодан ба каҷрафториҳои ҳукуматҳои Осиёи Марказист, ки дар дастури рузи кор қарор мегирад".

Таҳлилгари дигари мо Рустам Ҳайдаров ҳангоме, мушаххасан дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо суҳбат мекард, хотирнишон сохт, ки Тоҷикистон ҳар чӣ бештар бояд сармояҳои Аврупоро барои такмили сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ ҷалб кунад:


"Пеш аз ҳама бояд дар бахши сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ ҳамкорӣ кунанд, ки метавонад ба вазъи сиёсиву иқтисодии Осиёи Марказӣ таъсири худро гузорад. Тоҷикистон барои ин кор бояд сармояҳои Иттиҳодияи Аврупоро ҷалб кунад. Илова бар ин Тоҷикистон бо нируи худ наметавонад бо қочоқи маводи мухаддир мубориза кунад. Ба ин сабаб кумаки кишварҳои аврупоӣ зарур аст, чунки ин мавод аз минтақаи Осиёи Марказӣ ба кишварҳои аврупоӣ меравад".


Дар мулоқоти Остона кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо вазъи Афғонистон-кишвари дигари минтақаро низ баррасӣ карданд. Оқои Штайнмейер бо ишора ба вазъияти Афғонистон ва ҳузури Аврупо дар он кишвар дар зимн афзуд, тамоми кишварҳои минтақа бояд талош кунанд, вазъияти Афғонистон то рафт оромтару босубот шавад. Ба гуфтаи оқои Штайнмейер, нуктаи дигари муҳим ин аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ исломро ба таври муттаъодил ва дур аз ифротгарӣ қабул карда ва онро риъоят кардаанд ва ин ҳам ҳамчунон сиёсати давлатҳои Осиёи Марказист ва аз ин нуқтаи назар ҳам, ба гуфтаи Штанмайер, Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ алайҳи ифротгароӣ ва терор мавзеъгирии муштарак доранд.
XS
SM
MD
LG