Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қонуни нархгузории замин дар Тоҷикистон тағйир ёфт


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба қонун дар бораи баҳои замини ин кишвар ислоҳот ворид карда ва бар моликияти истисноии давлат будани он бори дигар таъкид дошт. Акрамшо Фелалиев - раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар масоили аграрӣ ва шуғли аҳолӣ,ки зарурати ислоҳоти ворида ба қонуни мазкурро тавзеҳ мекард, гуфт,ки бо тасвиби ин қонун андозбандии боадолатона дар истифодаи замин, иҷора ва ҳифзи он риоят мешавад.





Оқои Фелалиев афзуд бар фарқ аз қонуни қаблӣ,ки андозбандӣ барои заминро аз рӯи минтақа пешбинӣ мекард,минбаъд пардохти молиёти замин бар асоси таркиби хок ва сифати замин муайян мешавад. Каримҷон Қодиров - вакили Маҷлиси намояндагон низ ислоҳот дар қонуни баҳои заминро дар рушди иқтисоди кишвар муҳимм хонд.




Аммо коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта,ки дар қонуни асосӣ ва қавонини дигари Тоҷикистон замин моликияти мустасноии давлат эътироф шуда ва дар баҳогузорӣ ё таъйини арзиши он танҳо ниҳодҳои вобаста ба давлат масъул хоҳанд буд, бар ин назаранд,ки ислоҳоти мазкур таъсири чашмрасе дар истифодаи замин нахоҳад дошт.





Ба эътиқоди Абдуваҳҳоб Воҳидов - як нафар коршиноси масоили иқтисодӣ имрӯз деҳқони тоҷик то ҳадде ба қарз ғӯтавар шудааст,ки ҳатто имконии молии таъмини замин бо нуриҳои минералиро надорад. Тибқи иттиллоъи мақомоти кишвар Тоҷикистон 720 ҳазор гектар замини обӣ дорад, ки аз ин ҳисоб танҳо панҷсад ҳазораш мавриди истифода қарор мегирад. о ин вуҷуд,ки бештар замини ҳосилхез ба парвариши пахта ихтисос дода шудаааст, аммо замини панбапарварӣ ҳоло аз сармоягузорон бештар аз 200 миллион доллар қарздор аст.


Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG