Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагии бедевори Имомназари Холназар


ШУМХАБАРИ НАВРӮЗӢ

Ассалому алейкум, ҳамнафасони арҷманд.
Яке аз шумо навиштааст, ки чанд рӯзи ахир бо дӯстонаш машғули таҷлил аз Наврӯз буд. Ва имсол аҷаб соле буд, ки Наврӯзаш хеле зебову дурахшон таҷлил шуд. Шояд барои он ки баҳор ваъдахилофӣ накард ва ба сарвақти худ омад ба кишваре ки мардумонаш аз сардию торикӣ машаққат мекашиданд. Рӯзи нав дару панҷараҳоро боз кард, то одамон ба берун, ба озодӣ бароянд ва нафаси тоза кашанд.
Ин буд, сарманшаъи хурсандӣ.

Аммо тасаввур кунед, шумо дар ҷашнгоҳе дар авҷи рақсу хурсандиед ва бароятон хабари нохуш меоранд. Хабаре ки шуморо аз ҳаракат бозмедорад, дар ҳайрат мегузорад, такон медиҳад ва ғамгин мекунад. Мусиқӣ қатъ мешавад, садоҳо батадриҷ паст мешаванд ва ба умқи хок мераванд. Шодӣ бо ғам дармеомезад ва ҳарду аз самимият меафтанд.

БОЗ ЯК ҚУРБОНИИ ҶАНГ

Дар авҷи шодию хурсандии иди Наврӯз, ин бор, хабар оварданд, ки яке аз нахустин демократҳои тоҷик, бунёдгузор ва сардабири ҳафтаномаи машҳури "Адолат", танзнависи саршинос, шахси озода ва нек Имомназари Холназар дар ҳоле ин ҷаҳонро падруд гуфт, ки Наврӯз меомад.

Ту омадӣ, ман меравам. Касе рафт, ки дар сахттарин лаҳзаҳояш ба ҳоли ин замона механдид ва мегуфтанд, марг ҷуръат нахоҳад кард, пой ба дари ӯ бигзорад.

Ровиёни аснод номи ӯро ба рӯйхати қурбониёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дохил нахоҳанд кард. Хоҳанд гуфт, на аз силоҳи оташфишон кушта шудааст ва на дар рӯзҳои ҷанг.
Вале ӯ монанди нависанда Бурҳон Ғанӣ, шоирон Сармад ва Амонбеки Шоҳзода, журналистон Ҳомиди Малик ва Аюбхони Неъмат аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки пас аз чандин соли ғарибӣ бо бемории сангин ба ватан баргашт ва дар синни 54-солагӣ даргузашт.

"Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ камондорон дар деҳае як гурӯҳ сокинонро саф ороста, пурсуҷӯ мекунанд. Сардори даста аз зане мепурсад, ки "Номат чист?"
Зан посух медиҳад:
-- Шарофат.
Командир ба зердастонаш фармон медиҳад:
-- Ин каса ҷавоб диҳед, ҳамноми модари ман будааст.
Ва аз марди ҳампаҳлуи зан мепурсад:
-- Номи ту чист?
Мард мегӯяд:
-- Номи ман аслан Рустам аст, лекин дар қишлоқ ҳама Шарофатум меган..."

(Аз китоби танзи Имомназари Холназар)


"ШАЛВОРИ НАПОЛЕОН"

Дар солҳои ҳаштодуми садаи гузашта Имомназари Холназар шореҳи варзиш буд, шореҳи дӯстдоштаи ҷавонон, зеро дар бораи футбол касе мисли ӯ навишта наметавонист. Бархе аз бозигарони дастаи миллии "Помир" баъд аз бозӣ шарҳи ӯро меҷустанд, то бозии худро дар ин оина бубинанд.
Ҳамзамон танзҳои кӯтоҳи Имомназар дар матбуот пайдо мешуд, ки дар ибтидо ғолибан ба варзиш ва футбол пайванд доштанд. Монанди достони "Шалвори Наполеон" дар бораи он ки довари бозӣ розӣ мешавад, бозиро ба нафъи дастаи мизбон ҳал кунад, агар аз осорхонаи миллӣ барояш шалвори Наполеонро ришва диҳанд.

Рағбати Имомназар ба ҷанбаъҳои фаннии матбуот сабаб гашт, ки ба зудӣ ӯро котиби масъул таъин кунанд, яъне шахсе ки тарроҳӣ ва нашри рӯзнома амалан дар дӯши ӯ буд.
Аммо ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 сабаб шуданд, ки ҳалқаҳои густардатари хонандагон номи ду журналистро вирди забон кунанд. Яке -- Имомназари Холназар ва дигаре Шамсиддини Насриддин.

БАҲМАНМОҲИ ХУНИН

Хабаре ки Имомназари Холназар ва Шамсиддини Насриддин
навиштанд ва дар рӯзномаи асосии кишвар "Тоҷикистони советӣ" нашр шуд, Тоҷикистонро такон дод. Ин хабари истеъфои ҳукумат буд, ки ягон журналисти дигар ба он даст наёфта буд.
Ҳодисаро ҳамроҳ бо Шамсиддини Насриддин ёд мекунем:

"Вақте воқеъаҳои февралӣ шурӯъ шуд, ба фикрам, ёздаҳ ё дувоздаҳуми феврал буд. Ман бо Имомназар соати панҷи бегоҳ хона мерафтем. Дар кӯчаи Ленин аллакай дар ҳама ҷо постҳо гузошта буданд. Дар байни мардум гап-гап буд, ки ҳукумат ба истеъфо меравад. Мо аз чанд кордон гузашта гуфтем, ки рафта ҳаминро аниқ кунем. Гуфтанд, ки ҳукумат ва ҷониби мухолифин бо ҳам гуфтушунид доранд, дар масъалаи истеъфои ҳукумат. Вақте ки мо расидем, аллакай баромаданд ва гуфтанд, ки ҳукумат истеъфо дод. Мо ҳамчун хабарнигор гуфтем, ки ҳамин хабари "обнорасида"-ро ба газета расонем. Омадем ва ба муҳаррир гуфтем, ки ҳамин гуна гапу кор. Гуфт, ҳатман хабар нависед, чоп мекунем. Аз кумитаи марказӣ фаҳмиданд, ки ҳамин хел хабар чоп мешавад, дастур доданд, ки чоп накунед. Локин муҳаррири мо чоп кард. Пагоҳаш хабари ману Имомназар баромад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба истеъфо рафт. Пас аз он ки ҳукумат аз суханаш даст кашида, ба истеъфо нарафту аз сари нав дар қудрат монд, ҷаласаи кумитаи марказӣ шуд ва дар он ҷо мардуме ки мухолифи ҳукумат баромада буданд, ҳар гуна ҷазо гирифтанд. Аз ҷумла дар он ҷо муҳаррири "Тоҷикистони советӣ" ҳам ба ҳар ҳол аз вазифа нарафт, ба он хотир ки дар нисбати маводе ки мо чоп карда будем, гуфт, ки гӯё бо фишори мо ин хабарро чоп карда бошад. Ва ба хотири боз ҳам худро "сафедтар" кардан ман ва Имомназари Холназарро аз кор ронд. Ин буд асли воқеъа."

Аз Шамсиддин пурсидем, оё ҳардуи Шумо он вақт ба ин андешидед, ки сабаби истеъфои шумоён чӣ буд?

"Дар ин борa чандин бор ману Имомназар гуфтугӯ кардем, ки сабаб чӣ буд, нафаҳмидем. Мо пеш аз ҳама вазифаи журналистии худро ба ҷо овардем, ки ҳамон чизе ки дар ҳамон лаҳзаҳо ба вуқӯъ пайваст, ҳамон ҳодисаро мо ҳамчун хабар ба сардори идора овардем. Дигараш салоҳияти мо набуд, ки чоп мешавад ё намешвад, инаш ба салоҳдиди сармуҳаррир бастагӣ дошт. Сармуҳаррир чоп кард. Баъдаш то чи андоза фишор буд ё набуд, инашро ман ба виждони худи вай ҳавола мекунам, локин мо, ман имрӯз ҳам мӯътақидам, ки ман мувофиқи тақозои вазифа кор кардам. На аз ягон хотири дигар. Аъзои ягон ҳизб нестам. Набудам ва ҳозир ҳам нестам. Вале аз рӯи тақозои вазифа ҳамин корро кардем. Имомназар ҳам дар ҳамин андеша буд."

Ҳамин гуна барои иҷрои вазифаи худ, хабарнигори рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" Шамсиддини Насриддин ва котиби масъули ин рӯзнома Имомназари Холназар аз кор ронда шуданд. Вале эҳтироме ки онҳо пас аз ин воқеъа дар байни ҳамкасбон ва мардум дарёфтанд, лаҳзаи шӯҳрати онҳо шуд.

(Идома дорад бо бахшҳои АДЛИ "АДОЛАТ", ЗИНДАГИИ БЕДЕВОР, ХАНДАИ ҶОНБАХШ ва БЕМОРӢ)
Агар хотирае доред, лутфан ба мо бифиристед:
Tajik@rferl.org
Hamnafas@rferl.org
XS
SM
MD
LG