Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як пулис бо маводи мухаддир


МИ

Боздошти як пулис бо маводи мухаддир

Як пулиси ноҳияи Мастчоҳ, 70 килoметрии шимоли Хуҷанд зимни қочоқи як килограмм афюн аз ҷониби кормандони Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар устони Суғд ахиран боздошт шудааст.


Акбар Адҳамов - сарнозири Оҷонси мазкур ин хабарро таъйид кард ва бо далели ифшо накардани сирри тафтишот аз ироаи ҷузъиёти ин қазиа худдорӣ варзид.


Ба маълумоти Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд, аз оғози соли равон дар минтақаи шимолии Тоҷикистон аз сӯи ниҳодҳои зирабт беш аз 100 килограмм маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ боздошта шудааст, ки беш аз 70 килои он героин мебошад. Дар ин иртибот 47 тан қочоқбар мавриди боздошт қарор гирифтаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG