Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиёи Марказӣ ҳуқуқи инсонро помол дорад


Созмон мегӯяд, марг дар боздоштгоҳҳо, шиканҷа, боздоштҳои худсарона, таҳдид ва зиндонӣ кардани мухолифин ҳамчунон дар кишварҳои минтақа идома дорад. Авфи Байналмилал афзудааст, афсарони фосиди ниҳодҳои интизомӣ бисёр кам муҳокима мешаванд, агарчӣ ҳазорон нафар шикоят кардаанд, бо онҳо бадрафторӣ шудааст, то гуноҳеро эътироф кунанд.

Анна Зундер Плассман, таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ дар Созмони Авфи Байналмилал ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти расмии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои саркӯбӣ ҳар гуна баҳонаҳои мавҷуд истифода мекунанд.

«Ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр вақт ҷанг ба зидди террор ва тақвияти амнияти миллиро ҳамчун баҳонае барои ҳадаф гирифтани гурӯҳҳои осебпазир ва мустаҳкам кардани қудрати худ истифода мебаранд."

Хонум Плассман ҳамчунин гуфт, агар ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки чандин санадҳои байналмилалӣ дар робита ба мурооти ҳуқуқи инсонро имзо кардаанд, гуфтаҳои худро иҷро мекарданд ҳоло дар мавқеъи муносибтаре қарор доштанд.

«Ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба аҳдномаҳои зиёди ҳуқуқи башар пайвастаанд ва ҳамигуна довталабона аҳд додаанд, ки он аҳдномаҳоро иҷро мекунанд. Аммо мо мебинем, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ майле барои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи инсон надоранд.»

Қазоқистон яке аз онҳост, ки бо тан додан ба фишори Чин ва Ӯзбакистон мухолифони давлатро ба он кишварҳо бозпас фиристодааст, ки метавонанд, онҳоро шиканҷа бикунанд ва ё ҳатто бикушанд. Аз Қазоқистон умдатан ӯйғурҳоро ба ҷумҳурии Мардумии Чин бозпас фиристодаанд. Таъқиби мухолифин аз дигар мавориди нақзи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон хонда шудааст.

Ӯзбакистон пас аз қатли садҳо тазоҳургар дар ошӯбҳои соли 2005 ум дар Андиҷон яке аз мояҳои нигаронӣ шудааст. Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, ки вазъи фаъолони ҳуқуқи башар дар ин кишвар боз ҳам бадтар шудааст, агарчӣ ҳукумати Ислом Каримов зоҳиран майл дорад, ки ба баъзе аз масоили матраҳкардаи Иттиҳодияи Аврупоро расидагӣ кунад. Иттиҳодияи Аврупо пас аз он ошӯбҳо ба зидди Ӯзбакистон таҳримоти маҳдуде эъмол кард.

Афви Байналмилал мегӯяд, ки дар Туркманистон ва Ӯзбакистон озодии матбуот бисёр маҳдуд аст.

Дар Туркманистон бемористонҳои рӯҳиро ҳамчун воситае барои хомӯш кардани мухолифин истифода мекунанд, ки усули роиҷ дар замони шӯравӣ будааст. Мухолифини давлат, фаъолони ҳуқуқ ва хабарнигоронро дар ин кишвар худсарона боздошт кардаанд ва аз ҷумла Огулсафар Муродова хабарнигори Радиои Озодиро, ки ба таври шубҳаовар дар зиндон ҷон дод.

Аз Тоҷикистон мегӯяд Авфи Байналмилал доир ба бадрафтории афсарони мақомоти интизомӣ шиканҷаи маҳбусону боздоштшудагон, муҳокимаҳои ноодилона, боздоштҳо ва марг дар зиндонҳо гузоришҳои зиёд мерасанд. Ба гуфтаи созмон, муҳокимаи 50 узви мазнуни Ҳизб Ут Таҳрир аз ҷумла 20 занро, ки ба солҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд, ноодилона арзёбӣ мекунанд.

Дар робита ба ҳамсояи дигари Тоҷикистон, Қирғизистон Авфи Байналмилал мегӯяд, ки соли гузашта ба фаъолони ҳуқуқи башар таҳдидҳо сурат гирифтааст ва паноҳандагони ӯзбак нигарон будаанд, ки онҳоро ба кишварашон бозпас мефиристанд. Доир ба бадрафторӣ, шиканҷа ва марг дар боздоштгоҳҳои Қирғизистон низ иддаҳо шудааст.

Намояндаи Авфи Байналмилал Анна Зундер Плассман мегӯяд, ки гузориш доир ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоле нашр шуд, ки мақомоти Иттиҳодияи Аврупо бо вазирони умури хориҷаи ин кишварҳо гуфтугу анҷом медиҳанд.

Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ нигаронанд, ки Иттиҳодияи Аврупо бештар саргарми масъалаи дастрасӣ ба манобеъи энержии Осиёи Марказист ва шояд масоили ҳуқуқи башар канор гузошта шавад.

Агарчӣ Олмон раҳбари феълии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки вазъи ҳуқуқи инсон як масъалаи мавриди баҳс дар нишасти шаҳри Остона аст, аммо Созмони Авфи Байналмилал хостори тавваҷӯҳи бештар ба ин масъала аст. Анна Зундер Плассман:

«Иттиҳодияи Аврупо ҳоло стротежии дарозмуддатероо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳия мекунад ва ин воқеан як фурсати мусоид аст ва Авфи Байналмилал аз Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад, то бо истифода аз ин фурсат ҳуқуқи инсон ва волоияти қонунро як бахши муҳими ин стротежӣ кунад.»

Ва Федератсиюни Байналмилалии ҳуқуқи инсони Ҳелсинкӣ низ бо нашри як гузориш гуфт, ки дар баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бахусус Узбакистону Туркманистон дигарбора аз усулҳои шӯравии саркӯб кардан кор мегиранд.

Ин созмон мегӯяд, дар моҳи декабр марги раиси ҷумҳури доимии Туркманистон Сафармурод Ниёзов оташи умеди ислоҳот дар ин кишварро барафрухт. Аммо он умедҳо пас интихоботи ғайридемукротик, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бар сари қудрат овард, аз байн рафтанд.
XS
SM
MD
LG