Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Занги охир - бидуни таҷлил


Ҷалолиддин Амиров, намояндаи вазорати маориф мегӯяд, ин қарор бо ҳадафи кам кардани харҷҳои беҳуда ва пешгирии ҷинояткориву бетартибии наврасон қабул шудааст.

«Бо фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми марти соли 2007 гузаронидани чорабинии занги охир қатъиян манъ гардид. Тибқи ҳамин фармони вазири маориф дар макотиб ташкил намудани хӯрокҳо ва ҳамагуна чорабиние, ки аз ҷониби хонандагон сурат мегирад мамнӯъ гашт. Ҳамчунин фармони мазкур дар сари чанбари мошин нишастани хонанагонро ҳам манъ кард.»

Фармони нави Вазорати маориф дар паи интиқоди шадиди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон аз таҷлили бошукӯҳу серхароҷоти ин ҷашну анъанаҳо дар макотиби миёна содир гардид. Дар мулоқоти ахираш бо зиёиён президенти Тоҷикистон дигарбора ба ин масъала таваҷҷӯҳ кард ва аз вазири маориф хост ба масъалаи ҷашнҳои пуршукуҳ расидагӣ кунад:

"Дар мактабҳо бо дасти худамон проблемаи иловагӣ эҷод карда истодаем. Занги охир чӣ маъно дорад? Ҳол он, ки баъди ин занги охир вай имтиҳон месупорад, баъди ин вай донишгоҳ ва ё омӯзишгоҳ меравад донишҷӯ мегардад, боз таҳсил мекунад. Кадом як анъанае пайдо шудааст, ресторанда шиштан даркор баъди вай то рӯз мешинанд, ки ситораи рӯз барояд. Кӣ ина баровардаст? Куҷо нигоҳ мекунад падару модар? Ба куҷо нигоҳ мекунанд муаллимон, вазорати маориф?"

Зимни ин мулоқоташ раисҷумҳури Тоҷикистон аз фоҷиае ёдрас шуд, ки соли гузашта дар рӯзи занги охир 8 ҷавон, 4 духтар ва 4 писар, ки дар ҳолати мадҳушӣ мошин меронданд, ба садама дучор гашта фавтиданд.

Дар ин зимн ӯ аз мошинронии хонандагон эрод гирифта, бо мақсади аз байн бурдани ин тамоюл, ки боиси дур гаштани хонандагон аз таҳсил мешавад, чунин муҷозотро пешниҳод кард.

«Бинед, ҷиҳати қонуниша кадомеш итоат намекунад мошинашро гиред бо падару модараш дар телевизион нишон диҳед. Оилаи намунавӣ. Бинад мардум.»

Шаҳло Насриддинова, омӯзгори як мактаби пойтахт аз фармони ахири Вазорати маорифи Тоҷикистон истиқбол мекунад, аммо ба қавли ӯ бояд пеш аз ҳама ин масъаларо миёни волидони чунин хонандагон, ки ғолибан оилаҳои дорову мансабдоранд матраҳ кард:

"Дарс рафта истодааст, занги мобил баланд мешавад, гап занӣ бо меранҷанд ва мегӯянд, ки муаллима ҳуқуқ надоред телефони мана гирифтан. Муаллима коратон набошад ин мошини падарам , падарам фалон ҷоба кор мекунанд мошини шахсии ман хоҳам мебиём бо он хоҳам не. Агар манъ кунанд хеле хуб мешавад."

Ҳамчунин ин муаллима пешниҳод мекунад, ки маросими занги охир ва ҷашнҳое ба мисли Иди алифбо бояд танҳо дар шакли як дарси тарбиявӣ ва албатаа бо ширкати волидон гузаронида шавад.

«Шарт нест 20 то камера биёранд. Масалан, як фарзанда аз як оила ҳам холааш ва ҳам тағову модараш камера меоранд. Ин ҳамчун соати тарбиявӣ бояд гузарад дар ҳудуди 45 дақиқа чизи омӯхтаашонро ба волидон нишон диҳанд.»

Аммо хонандагон мухолифини ин фармон будаанд. Онҳо мехоҳанд ин рӯзи охири таҳсили мактабии худро хотирмон ҷашн гиранд. Аз ҷониби дигар, аксари муҳассилин бар инанд, ки барои хонандаи фаъолу босавод ҳеҷ мобилу мошин ва ё дигар шароитҳои хуб монеъи таҳсил нахоҳад гашт.

«Ин нодуруст аст ба фикрам, ин хоҳиши худи хонандаҳо аст бигзор кунанд.»

«Бояд бошад занги охир, консерт ин рӯз дар хотирмон бояд монад. Мактаба тамом мекунем чӣ хел мешавад бе ин. 11 сол дарс медиҳад муаллима, чӣ хел бе туҳфа баромада меравем.»


Агарчӣ масъалаи манъи таҷлили бошукӯҳи ҷашни занги охир ҳанӯз чанд соли қабл ҳам баррасӣ мешуд, аммо теъдоди зиёди хатмкунандагон пинҳонӣ аз омӯзгорон муовофиқи табъи худ ин рӯзашонро хотирмон ва ба таври дилхоҳ мегузарониданд.

Зимнан, соли гузашта барои шабнишиниҳо аз ҳар як хатмкунанда аз 100 то 150 сомонӣ ҷамъ карда шудааст, ки ин тақрибан 33 доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва музди моҳонаи чанд омӯзгори тоҷик низ ҳаст. Аммо дар маҷмӯъ волидон хоҳ имкон дошта бошанду хоҳ не бо хоҳиши фарзандон дар чунин рӯз беш аз 100 доллар харҷ мекарданд.
XS
SM
MD
LG