Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти қотилони Эшони Саидҳодӣ


Додгоҳи вилояти Хатлон муттаҳамон дар қатли Эшони Саид Ҳодӣ, як ходими маъруфи мазҳабӣ дар водии Вахшро маҳкум ба зиндон кард.


Хабарҳо ҳокиянд, ки Набиҷон Обидов, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, ки ташкилкунандаи ҷиноят будааст, ба мӯҳлати 30 сол ва ҳамдасти ӯ Аминҷон Обидов барои 28 сол равонаи зиндони низомаш шадид шуданд.


Ҳамзамон, додгоҳ Мирзоулуғбек Мирзоалимови ноболиғро, ки ба ҷисми Эшони Саидҳодии 88-сола чандин корд задааст, 12 сол аз озодӣ маҳрум кард.


Ба қавли манбаъ, муттаҳамон дар гуноҳи худ иқрор ва муваззаф шудаанд, беш аз 20 ҳазор сомонии рабудашударо ба хонаводаи Эшони Саидҳодӣ бозпас гардонанд.


Эшони Саидҳодӣ, амаки яке аз шахсиятҳои маъруфи мазҳабии солҳои навадум, сархатиби вилояти собиқи Қӯрғонтеппа ва узви Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Эшони Сайидашраф, шаби 11-уми сентябр дар манзили худ дар ноҳияи Бохтар ба қатл расида буд.
XS
SM
MD
LG