Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Итолиё нерӯҳои худро аз Афғонистон намебарорад


Ҳукумати нахуствазир Романо Проди ба бурдани раъйи Сенат муваффақ шуд, ки ризоияти худро бо идомаи ҳузури низомии нирӯҳои Итолиё дар Афғонистон баён кард.


Итолиё феълан дар Афғонистон ду ҳазор нирӯ дорад. Бар асоси раъдиҳии шоми дирӯз, ҳамакнун ҳукумати Итолиё ҳақ хоҳад дошт, ки маблағгузории кулли дигари нирӯҳои ин кишварро дар хориҷа идома диҳад.


Ин мавзӯъ ҳанӯз моҳи феврал ба баррасии парлумони Итолиё гузошта шуд, аммо баъди нокомӣ дар дарёфти пуштибонии сенат Продӣ аз вазифааш истеъфо дод.


Танҳо баъди дархости раиси ҷумҳурӣ вай дубора барои идомаи вазифааш ба ҳукумат баргашт.
XS
SM
MD
LG