Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои риояи ҳуқуқи инсон аз Узбакистон


Вазири умури хориҷаи Олмон аз Ӯзбакистон тақозо намуд, агар бихоҳад, ки Иттиҳоди Аврупо таҳримҳоро нисбати Тошканд бекор кунад, вазъи ҳуқуқи башарро дар кишвараш бояд ислоҳ кунад.


Френк Валтер Штенмайер дар оғози нишасти дурӯзаи Осиёи Марказӣ суханронӣ мекард, ки дар Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуда, ба мавзӯи нақши Иттиҳоди Аврупо дар ин минтақа бахшида шудааст.


Имрӯз қарор аст, ки вазири хориҷаи Олмон бо ҳамтоёни худ аз Тоҷикистону Ӯзбакистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон оид ба масоили энерживу демократия гуфтугӯҳо анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG