Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамринҳои муштараки низомӣ дар Тоҷикистон. Узбакистон иштирок мекунад


Ҳудуди 500 нафар дар омӯзишҳои низомии зидди-террористии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мавсум ба «Марз-2007» ширкат хоҳанд кард.


Иван Бабичев, муовини аввали раиси ситоди муштараки Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, марҳилаи саввуми тамринот дар қаламрави 201-ум пойгоҳи низомии Русия мустақар дар Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт ва дар он инчунин шумори афзуни ҷангандаҳо, қатори Су-25 ва чархболҳои Ми-24 истифода мешаванд.


Дар ин тамринот низомиёни Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва барои бори нахуст Узбакистон бо як гурӯҳи зудамали нируҳои мусаллаҳаш ширкат меварзад. Ба ҳайси нозир дар ин омӯзишҳо низомиёни Беларус ва Арманистон низ даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG