Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси ҳаракати нави пуштибон аз Боқиев


r

Дар Қирғизистон як ҷабҳаи нави пуштибон аз раиси ҷумҳурии ин кишвар таъсис ёфт.


Раиси ҳизби "Эркиндик", яъне "Oзодӣ" Топчубек Турғуналиев дар сӯҳбат ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки ба ҳайати ҷумбиши сиёсии тозатаъсис бо исми "Барои эътидоли сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ" 12 ҳизб ва чандин созмонҳои ғайридавлатӣ шомил шудаанд.


Турғуналиев дар сӯҳбат бо Озодӣ камбудиҳои раиси ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиевро танқид кард ва ба баргузории ислоҳот даъват намуд. Аммо вай даъватҳои баргузории интихоботи зудрасро рад кард, ки аз забони ҷумбиши мухолифини ин кишвар "Фронти муттаҳида барои ояндаи шоистаи Қирғизистон" садо медиҳанд.


Турғуналиев гуфт, ки ҷумбиши онҳо рӯзи панҷшанбе як ҳамоишеро бо ширкати мақомоти давлатӣ ва раҳбарони мухолифин баргузор карда, талош хоҳад кард, ки мухолифатҳои сиёсии баамаломадаро рафъ кунад.
XS
SM
MD
LG