Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи амалиёти минарӯбӣ дар Тоҷикистон


Ҳудуди 30 минарӯб аз Маркази поккории минаҳои Тоҷикистон ба умури иктишофӣ дар ноҳияи Панҷ, 200-километрии ҷануби Душанбе шурӯъ карданд.


Ба гуфтаи Ҷонмаҳмад Раҷабов, масъули ин марказ, дар қаламрави мазкур шаш қитъаи хатарзо мавҷуд аст. Аммо дар ҳоли ҳозир минарӯбон танҳо дар ду мавзеъ ба корҳои безараргардонӣ машғуланд.


Феълан иттилоъе дар бораи кашфи минаҳо ва таркандаҳои дигари ҷангӣ нарасидааст.


Ба қавли ҷаноби Раҷабов, соли гузашта минарӯбони ин марказ беш аз ҳазор адад минаро кашфу безарар гардониданд.


Вай афзуд, барои харидории таҷҳизот ба Маркази поккории минаҳо панҷуним миллион доллари амрикоӣ зарур аст, аммо дар соли гузашта кишварҳои сармоягузор танҳо дую аз даҳ ду миллион доллар ба ин марказ ихтисос додаанд.
XS
SM
MD
LG