Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресси Амрико НАТО-ро вусъат додан мехоҳад


Конгресси Амрико қонунеро ба дасти раиси ҷумҳурии ин кишвар фиристод, ки дар он сухан аз тавсеаёбии нирӯҳои НАТО аз ҳисоби се давлати Балкан ва ду ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ меравад.


Дар сурати тасвиби ин тарҳ аз ҷониби Ҷорҷ Буш, он ҳукми қонуниро касб хоҳад кард.


Дар миёни ин кишварҳо Албания, Хорватия, Македония ва Гурҷистону Украина зикр мешаванд.


Сенатори ҷумҳурихоҳ Ричард Лугар гуфт, ки қонуни мазкур дар рушди демокративу дифоии ин кишварҳо ва роҳандозии ислоҳоти иқтисодӣ мусоидат мекунад.
XS
SM
MD
LG