Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти бозигарони навраси тоҷик аз Туркия


ҳамзамон бо тимҳои футболи кишварҳои мухталиф се бозии дӯстона анҷом дод. Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар шаҳри Анталияи Туркия тӯли ду ҳафта тамрин карда

Бозигарони ҷавони тоҷик нахустин дидори худро бо тими лигаи аввали Русия - «Садовик» бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 хотима доданд. Ду голи дастаи Тоҷикистонро Самад Шоҳзуҳуров ва Абдуқаюм Қаробоев ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии дувуми санҷишӣ бозигарони ҷавони тоҷик аз як тими лигаи севуми Олмон бо натиҷаи 1 бар 2 мағлуб шуданд. Голи дастаи Тоҷикистонро Фарҳод Тоҳиров ба самар расонд.

Ва, ниҳоят, бозии севум бо шогирдони ҷавони Академияи футболи Русия бо натиҷаи 3 бар 3 хотима ёфт. Ду голи дастаи Тоҷикистонро Абдуқаюм Қаробоев ва як голро Нуриддин Давронов ба дарвозаи ҳарифон ворид карданд. Воқиъан, бозигари ҷавону моҳир Нуриддин Давронов ду соли ахир дар бошгоҳҳои футболи ҷумҳурии Беларус бозӣ кардааст.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон Пӯлод Қодиров ба радиои Озодӣ гуфт: "Дар сафари Туркия ба ҳайати даста 22 бозигари ҷавони то 17-сола шомил буданд, ки аслан аъзои тими «Ориёно»-и Душанбе мебошанд. Воқиъан, «Ориёно» тағйири ном кардааст ва дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо номи «Динамо» ҳунарнамоӣ хоҳад кард."

Сармураббӣ иброз дошт, ки дар айни ҳол бозигарони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ҳайати бошгоҳҳои худ дар бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи кишвар ширкат мекунанд.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG