Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Орзуи ҷавонони эронӣ: Ҳиҷрат ба хориҷ


Аз соли 1979 ва инқилоби исломии Эрон садҳо ҳазор нафар ирониёни сахткӯш ва таҳсилкарда аз Эрон муҳоҷират карда ва бисёре аз онҳо ба Амрико, ки раҳбарони Ирон онро душмани аслӣ ва ё шайтони бузург мехонанд, омадаанд.

Ҳасан, пешхидмати яке аз ресторанҳои Теҳрон, ки орзуи муҳоҷиратро бар сар мепарварад, аз саҳар то шом кор мекунад ва 200 доллар дастмузд мегирад. Ягона орзуи ӯ муҳоҷират ба Австралия аст. Ҳасани 27 сола мегӯяд, дар Эрон дастмузд бисёр кам аст, дар Австралиё беҳтар хоҳад буд. Аммо ин танҳо Ҳасан нест, ки барои ояндаи беҳтар умед ба хориҷи Ирон бастааст, ки бекории зиёд ва таварруми боло гиребонгири он аст.

Ҳатто даромад аз фурӯши нафту газ, ки маншаъи рушди шаш дар садии иқтисоди Ирон аст, наметавонад, барои бисёре аз ҷавонони иронӣ аз се ду ҳиссаи ҷамъияти 70 миллионнафарии кишварро ташкил медиҳанд, барои ёфтани кор дар оянда замина фароҳам кунад.

Тибқи омори соли гузашта 180 ҳазор донишҷӯи иронӣ хоҳони пайвастан ба се миллион нафар иронии дигаре ҳастанд, ки дар хориҷ аз Ирон зиндагӣ мекунанд. Ва ин ба маънои ҷорӣ шудани тавони билқувваи иқтисодии Ирон ба хориҷ аст, мегӯяд Ричард Фокс, як пажӯҳишгари бритониёӣ.

Ба навиштаи Афшини Мавлавӣ, рӯзноманигори иронии муқими Амрико Ирон аз назари фирори мағзҳо дар Ховари Миёна яке аз мақомҳои аввалро ишғол мекунад. Ӯ дар китоби худ "Рӯҳи Ирон" навиштааст, агар ирониҳо дар гирифтани раводид мушкилӣ намедоштанд, ҳарчӣ бештар аз кишварашон муҳоҷират мекарданд.

Аммо Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 2006 нигарониҳо доир ба фирори мағзҳо аз кишварашро бемаврид хонд ва гуфт, ки касоне, ки рафтаанд, бозмегарданд. Ба гуфтаи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, онҳое, ки ба хориҷ рафтаанд, барои таҳсил рафтаанд ва бозмегарданд.

Хабаргузории Ройтер менависад, теъдоде аз ҷавонони иронӣ аз маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ба мисли манъи нӯшидани машруб ва пӯшидани ҳиҷоб норозӣ ҳастанд. Комил, як мутахассиси 23 солаи иронӣ ба Ройтерс гуфтааст, ки 20 то 25 дар сади ҷавонони иронӣ мехоҳанд, барои таҳсил ва ё зиндагӣ ба хориҷа бираванд, зеро ба гуфтаи ӯ, ҳамаи кор дар Ирон мамнӯъ аст.

Аммо ба навиштаи хабаргузории Ройтер, дар баробари ин ҳастанд қишри дигари муҳофизакор ва мазҳабӣ, ки ба кишварҳои ғарбӣ, ки бо шубҳа менигаранд, як замон дар Эрон нуфузи қавӣ доштанд. Барои онҳо ҳамин кишварҳо Эронро беадолатона ҳамчун кишвари саркаш ва ҳомии терроризм хонда бадном мекунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG