Пайвандҳои дастрасӣ

Парвози "Парасту" дар Душанбе


Дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ - Парасту 2007 идома дорад.

Озмуни мазбур, ки дар ду сол як бор баргузор мегардад, рӯзи ҷумъаи 23 март оғоз гардид ва то 30 март давом мекунад.

Дар тӯли як ҳафта 17 театри касбӣ дар саҳнаи театрҳои пойтахт ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ба иттилоъи Нур Табаров, мунаққид ва драмматург дар тӯли 3 рӯз, ки 8 театри аслан музофотӣ бо шумули театрҳои Тӯҳфа Фозиловаи Конибодом, Театри ноҳияи Данғара, Чкаловск, ба номи Саидалӣ Вализодаи Кӯлоб, Хоруғ, Спитамен, ва Театри Камоли Хуҷандӣ ҳунарнамоӣ кардаанд, метавон дар бораи тарақии маҳорати ҳунармандон, ба вежа дар соҳаи коргардонӣ ҳарф зад.

Ҷумъа Қуддус, драматурги шинохта ва коргардони театр меафзояд, ба ҳамин тартиб рӯзи душанбеи 26 март озмуни театрҳои касбиро намоишномаҳои «Раъно»-и театри давлатии таҷрибавии ҷавон – Аҳорун ва «Шикасти ташнаги»-и театри Хуҷанд идома додаанд. Дар ҳар ду намоиш ҳам ба иттилоъи санъатшиносон аншлаг ё лабрез шудани толор аз мухлисин мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG