Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Арманистон ба истеъфо рафт


Тибқи тақозои қонуни Арманистон, ҳукумати ин кишвар баъди даргузашти нахуствазир Андарник Маркарян дирӯз ба истеъфо рафт. Маркарян рӯзи якшанбе дар манзили худ бар асари сактаи қалбӣ ҷон дод. Раиси ҷумҳурӣ Роберт Кочарян истеъфои ҳукуматро пазируфт ва аз вазирон дархост кард, ки то ташкилшавии ҳукумати нав дар вазифаҳои худ бимонанд.



Тибқи қонунҳои Арманистон, бояд тӯли 10 рӯз нахуствазири муваққат таъйин шавад ва ӯ ҳукумати навро бояд дар 20 рӯзи минбаъда ташкил кунад. Интихоботи навбатии парлумонии Арманистон ба 12 май таъйин шудааст. Як мақоми баландпояи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо вазири умури хориҷаи Испания Микуэл Ангел дар робита бо даргузашти нахуствазири Арманистон ба аҳли хонавода ва мардуми ин кишвар тасаллият баён кард. Фардо,чаҳоршанбе тибқи амри раиси ҷумҳурии ин кишвар дар Арманистон чун рӯзи мотам эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG