Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри китоби нави Имомназари Холназар


Аз унвони китоб маълум,ки он ҳаҷвист,яъне танқидӣ. Воқеъан, бе таъкид ҳам маълум, ки ҳаҷв аслан танқидӣ мешавад - танқиди замона, мазаммати нобасомониҳои зиндагиву камбудиҳои рӯзгор, мазоқу масхараи ашхоси алоҳида. Ҳаҷве, ки танқидӣ нашуд, мадҳия аст.

Мутаваҷҷеҳ шавед ба унвони бобҳо ва зербобҳои китоб: "Хотироти латиф", "Хандаҳои гиряолуд","Тамасхури зиндагӣ", "Дар миёни ханда мегирйем", "Ҳикоёти воқеъӣ".

Аз ҳамин унвонҳо хулоса кардан душвор нест, ки мавзӯъ ва мӯҳтавои ин китоб чиро дар бар мегирад.
Ин маҷмӯъа ҷамъбасти тақрибан 15 соли эҷоди нависанда ба ҳисоб меравад. Понздаҳ соле, ки ҳам барои ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам барои сокинони он давраи ниҳоят ҳассос буд, ки шикасту нокомиаш аз бурди он бештар буд ва аз ҳамин ҷиҳат китоб ин дафъа бештар аламангез баромадааст. Хусусан мавзӯъи хандаҳои гиряолуд нисбат ба мавзуъоти дигар боло гирифтааст. Аввалан, нависанда ба ҳоли зиёии бечораву беҳуқуқе мисли худ механдад. Ба қавли шоире:

Хандаи талхи ман аз гиря ғамангезтар аст,
Ҳолам аз гиря гузаштаст, аз он механдам.


Баъдан нависанда, аз ҷумла ба ҳоли нафароне механдад, ки касе нестанду худро аз ҳама болову бузург метарошанд ва ё баръакс, аҳли фазланду барои чизаке, ба қавли устод Лоиқ, худро ночиз мегардонанд. Адиб барои ифтихороти дурӯғине мегиряд, ки сардамдорони вақт худ чизи мефахридагие надоранду аз фахри зиёд номи бузургони гузаштаи моро, ба қавле, хӯрда кардаанд.
XS
SM
MD
LG