Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифов бо намояндаи САҲА


XB

Ҳамрохон Зарифов вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе бо раиси Маркази ҷилавгирӣ аз низоъҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо Ҳерберт Залберг дидору мулоқот намуд. Масоили тағйири мандати Созмони амнияту ҳамкории Аврупо бо дарназардошти рушди иқтисодии Тоҷикистон ва масъалаи кӯч додани форум институти иқтисодӣ аз Аврупо ба Осиёи Марказӣ дар ин мулоқот мавриди муҳокима қарор гирифт. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, кӯч додани анҷумани иқтисодии ин созмон ба Осиёи Марказӣ нақши Созмони амнияту ҳамкории Аврупоро дар ин минтақа боло бурда ва барои беҳсозии вазъ дар Афғонистони ҳамсоя мусоидат хоҳад кард. Зимни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо пиромуни масоили густариши экстремизм дар Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.
XS
SM
MD
LG