Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи додхoҳонаи муҳоҷирони зиндонӣ


Як гурӯҳ муҳоҷирони боздоштшуда, ки шаҳрвандони Арманистон, Гурҷистон, Тоҷикистон, Узбакистонанд, дар як нома аз нақзи ҳуқуқҳои инсонии худ шикоят кардаанд. Онҳо навиштаанд, ки бо ҷурмҳои қонуншикании маъмурӣ чандин моҳ аст, дар зиндон дар Ҷумҳурии Удмуртистони Русия ба сар мебаранд ва бо онҳо бадрафторӣ раво дида мешавад.

"Моро ба ҷурми надоштани сабти иқомат боздошт ва ба ихроҷ маҳкум карданд. Як нафар танҳо ба ҷурми дар вақт иваз накардани акси шиносномааш 7 моҳ аст, ки дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Мо ҷинояткор нестем, вале ба мо бадтар аз зиндонӣ муносибат мекунанд. Ба ҳавохурӣ моро таҳти назорати шадид мебаранд ва даруни панҷара меандозанд. Агар давлат барои ихроҷи мо пул надорад, моро раҳо кунанд, то мо худамон роҳи бозгашт ба ватанро пайдо кунем. Аксари мо зану фарзанд дорем", навиштаанд Абдугалиев, Иванов, Каримов, Исмоилов, Хачатурян, Левин ва Бобоҷонов.

Ҳуқуқшиноси созмони "Муҳоҷират ва ҳуқуқ" Манзура Каримова гуфт, тибқи қонун ҳукми додгоҳ бояд дар 10 рӯз иҷро шавад, вале вақтҳои ахир ба иллати набудани маблағ мақомоти марбутаи Русия онҳоро бо пули худашон ихроҷ мекунад. Онҳое ки пул ва ё хешу табор надоранд, то як сол дар боздоштгоҳ мемонад,

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос феълан танҳо дар боздоштгоҳи муваққати ноҳияи Алтуфевои Маскав 100 тан аз муҳоҷирони тоҷик ду-се моҳ аст, ки дар интизори ихроҷ ба сар мебаранд ва барои як боздоштшуда дар шабонарӯз ба маблағи 50 рубл, муъодили ду доллар хӯрок дода мешавад .
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG