Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲСДТ дар Суғд масъули худро иваз кард.


Конфаронси навбатии бахши ҲСДТ дар вилояти Суғд сарвари ин бахш - Дилбар Самадоваро аз вазифа сабукдӯш кард. Хонум - Самадова дар муддати чаҳор сол, аз бози таъсиси бахши суғдии ҳизби сотсиал - демократ то кунун дар ин симмат буд ва бо қарори конфаронс ӯро Муҳаммад Абдуллоев - сарвари созмони ин ҳизб дар Исфара иваз кард. Номбурда номзади илми техникӣ, муаалими собиқи Донишгоҳи техникии Душанбе ва дар ҳоли ҳозир муқими шаҳри Исфара мебошад.





Дар ин бора Раҳматулло Зоиров раиси ҲСДТ ҳизби сотсиал ширкатгари конфронси Хуҷанд дар рӯзи душанбеи 26 - уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд: «Ин тасмими конфаронс дар ду рӯз қабл мазмуни онро надорад, ки Дилбар Самадова аз уҳдаи кор набаромад. Не, ин тавр нест. Азбаски ӯ ҳамзамон чанд вазифа муовини раиси ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ва раиси созмони суғдиро бар уҳда дошт. Ва акнун ба ӯ боз як супориши нави махсус додем, ки аз ташиклкунандаҳои бахши бонувони ҳизби мо бошад. Бинобар ин ба Дилбар Самадова имкон додем, ки пурра ба иҷрои ин вазифаҳо машғул бошад. Ва ман мехостам, ки созмони бонувони ҳизби сотсиал - демократ аввал аз вилояти Суғд сар шавад.»





Дилбар Самадова ба вазифаи муовини раиси ҳизби сосиал - демократи Тоҷикистон дар миёнаҳои соли гузашта дар анҷумани ин ҳизб дар Душанбе интихоб шуда буд. Вай дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки қарори конфаронси ҳизбашро дар бораи аз вазифаи сарварии бахши суғдиро аз ӯҳдаи худ фурӯгузор кардан истиқбол мекунад. Зеро адои якҷояи ин ду вазифа барои вай мушкил пеш меовард, зимнан, фаъолияти бахши суғдии ҳизбаш дар тайи моҳҳои ахир дучори заъфи чашмрас шуда буд.





Аммо Муҳаммадҷон Абдуллоев сарвари нави созмони суғдии ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки аввалин иқдоми вай дар ин симати нав матраҳ кардани мушкилоти доғи рӯз дар назди сарони устондорӣ хоҳад буд:
"тоҷикистон ҳозир дар як вазъи буҳрони шадиди энергетикӣ қарор дорад. 70 дар сади замини қобили кишти вилояти Суғд бо насосҳои обкашӣ обёрӣ мешавад. Агар дар ҳамин шабу рӯз ҳукумат барои бо барқ таъмин кардани ин насосҳо чора наандешад, намедонам тақдири ин заминҳо чӣ мешавад, чунки навоҳии Зафарободу Матстчоҳ, Ашт 70 дар сад, Исфара 50 дар сад бо оби насосҳо обшор мешавад, барои ҳамин ман корро аз ҳамин сар мекунам, ки бо раҳбарони вилоят, агар онҳо хоҳиш дошта бошанд, вохӯрда, як барномаи ҳалли ин мушкилро ба онҳо пешниҳод хоҳам кард."


Бахши ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон дар устони Суғд дар моҳи майи соли 2003 таъсис ёфтаааст ва дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи масьулини бахш, дар минтақаи шимолии Тоҷикистон тақрибан як ҳазор узв дорад.
Дар интихоботи парлумонии соли 2004 дар Тоҷикистон бахши суғдии ҳизби сотсиал - демократ 4 номзади худро барои дарёфти курсӣ дар Маҷлиси намояндагон аз чаҳор ҳавзаи якмандатӣ пешбарӣ кард, аммо яке аз номзадҳои фаъол, ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова аз ҷониби комиссиюни ҳавзавӣ ба қайд гирифта нашуд ва яке дигар ҳуқуқшинос ва вакили дифоъ Низомидин Бекматов аз ҷониби додгоҳи Суғд барои баҳсу талош бо раиси додгоҳи ноҳияи Спитамен дар зимни баррасии шикояташ дар бораи қонуншиканиҳои комиссиюни ҳавзаи интихоботӣ вақти шумури овозҳо барои ду сол ба зиндон фиристода шуд.


Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG