Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳошияи ҳабси маллоҳони бритониёӣ


Бреффнӣ О Рурк Боздошти маллоҳони бритониёӣ аз тарафи нирӯҳои дарёии Эрон боиси ташаннуҷи бештар миёни Лондон ва Теҳрон шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд, ин ташаннуҷ ба манфиати Теҳрон аст. Чаро?

Сарвазири Бритониё Тони Блейр ҳабси 15 маллоҳи бритониёиро дар гулӯгоҳи Шат-ул-араб аз тарафи Эрон як масъалаи хеле ҷиддӣ номид ва амалкарди эрониҳоро нодурусту беасос унвон кард. Вай гуфт: "Ман умедворам ҳукумати Эрон мефаҳмад, ки масъала барои мо чи андоза бунёдист. Мо мусалламан ин паёмро ба онҳо фиристодем ва мавзӯъро хелеву хеле рӯшан матраҳ кардем. Ман умедворам, мушкил дар чанд рӯзи оянда ҳал шавад, вале чи қадар зуд ҳал шавад, ҳамин андоза барои ҳамаи мо сабуктар хоҳад буд."

Аммо ҳукумати Эрон, зоҳиран, майл надорад, 14 мард ва як зани бритониёро ба содагӣ бозгардонад. Он мегӯяд, боздоштшудагонро бо иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба ҳарими обияш дар додгоҳ муҳокима хоҳад кард. Вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ гуфт, ин моҷаро бори аввал нест, ки иттифоқ меафтад.

Бритониё талаб мекунад, Эрон ба консули он имконияти фаврии дидор бо боздоштшудагонро бидиҳад. Вале эрониҳо маллоҳонро ба макони номаълум бурдаанд ва мегӯянд, чунин имконият ба намояндаи расмии Бритониё дар чанд рӯзи оянда фароҳам хоҳад шуд.

Ба қавли мақомоти бритониёӣ маллоҳон дар заврақи моторӣ ҳарими обии Ироқро дидабонӣ мекарданд, то аз қочоқи амвол ҷилавгирӣ кунанд ва ногаҳон дар муҳосираи нирӯҳои дарёии Эрон афтоданд.

Моҷаро дар ҳоле ба амал омад, ки ташаннуҷ миёни қудратҳои ҷаҳон ва Эрон сари барномаи ҳастаии Теҳрон ба авҷи худ расида, Шӯрои амнияти Созмонми Милали Муттаҳид бо ҳамраъйии том таҳримҳои нави зидди Эронро эълон кард.

Эрон таҳримҳои навро нодида гирифт ва президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, кишвараш фаъолиятҳои ҳастиро як сония ҳам қатъ намекунад. Кишварҳои ҷаҳон ҳарос доранд, ки Эрон кӯшиш дорад ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад. Теҳрон ин иттиҳомро рад мекунад.

Шореҳони бритониёӣ, ба вижа рӯзномаи Таймс боздошти маллоҳони бритониёиро ба бад шудани вазъи куллӣ пайванд медиҳад ва мегӯяд, дидбонҳои дарёӣ амлдан ҳадаф қарор гирифтанд, то дар бозии бузургтар ба ҳайси гаравгон истифода шаванд.

Профессор Алиризо Нуризода аз Маркази мутолиъоти арабу эронӣ дар Лондон ба ин ақида розист, вале меафзояд, ҳукумати Эрон бо ин иқдом ду ҳадафро думбол мекунад. Яке ҳифзи эътибори худ дар дохили кишвар ва дигаре имкони табодули маллоҳон бо эрониёне, ки дар Ироқ боздошт шудаанд.


Дар ин байн, тамосҳои дипломатӣ идома доранд. Ҳарду -- ҳам ҳукумати Бритониё ва ҳам ҳукумати Эрон дипломатҳои ҳамдигарро мавриди пурсиш қарор доданд ва Лондон мегӯяд, сафири Бритониё дар Теҳрон хостори мулоқоти нав бо мақомоти эронӣ шудааст.

Дар ҳошияи моҷарои маллоҳон, як хабаргузории эронӣ суханони фармондеҳи нирӯҳои дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро нашр кардааст. Муртазо Саффорӣ ба Иёлоти Муттаҳида ҳушдор додааст, аз ҳама гуна зарбаи низомӣ ба Эрон худдорӣ кунад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG