Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё ба сулҳи Ховари Миёна ҷони нав хоҳанд дамид?


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ги-мун аз Исроил ва ҷомеаъи байнулмилал даъват кард, ба ҳукумати нави фаластиниҳо имкони фаъолият дода шавад ба хотири расидагӣ ба талабҳои радди хушунат ва эътирофи Исроил аз ҷониби ин ҳукумат.

Вай пас аз гуфтушунид бо сарвзаири Исроил Йеҳуд Олмурт дар Байтулмуқаддас гуфт: "Барои ҳукумати нави ваҳдати миллии фаластиниҳо бояд каме фазои сиёсӣ дод, то битавонад, амал кунад. Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст то ҷое ки метавонем, ин ҳукуматро ба эътирофи усули мавҷудаи эълонкардаи Чаҳоргона ҳавасманд кунем."

Бан Ги-мун дар нишасти хабарии муштарак бо Олмурт, ҳамчунин аз машваратҳое ном бурд, ки бо мақсади ташкили мулоқоти сарони Ховари Миёна барои эҳёи раванди сулҳи арабу исроил ҷараён доранд, вале изофа кард, ки барои чунин анҷуман, гуфтушуниди бештаре зарур аст.Сарвазири Исроил гуфт, аз ширкат дар чунин анҷуман истихора нахоҳад кард.

Дар соатҳое ки Бан Ги-мун бо сарвазири Исроил мулоқот мекард, вазири корҳои хориҷи Иёлоти Муттаҳида Кондолиза Райс чунин мулоқотро бо раиси идораи худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос барпо карда буд. Ин дуввумин мулоқоти ӯ бо Аббос дар 24 соат буд, пас аз гуфтушунидаш бо сарвазири Исроил Йеҳуд Олмурт. Акнун ӯ қарор аст дар Байтулмуқаддас дубора бо Олмурт гуфтугӯ кунад.

Хабаргузориҳо мегӯянд, ҳадаф аз дидорҳои пайиҳами хонуми Райс дастёфт ба ҳамоҳангии бештари ду тараф дар таҳияи нишасти сарони Ховари Миёна аст. Агар ин нишаст барпо шавад, аввалин бор дар он Исроил ва Арабистони Саъудӣ вориди гуфтугӯи мустақим хоҳанд шуд. Ду кишвар равобити расмии дипломатӣ надоранд ва Саъудия тарҳи сулҳи Ховари Миёнаро пешниҳод кардааст, ки бо тарҳи амрикоии мавсум ба Харитаи Роҳ ҳамоҳанг аст.
XS
SM
MD
LG