Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони хориҷии интихоботи Тоҷикистон


Намояндагони бархе аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хостори назорати раванди интихоботи миёндавраӣ дар се ҳавзаи интихоботии ин кишвар шудаанд.


Муҳибулло Зубайдуллоев, мушовири сиёсии сафорати Бритониё дар Тоҷикистон гуфт сафоратҳо ва ниҳодҳои байнулмилалӣ бо ташкили як гурӯҳи нозир мехоҳанд дар баргузории интихоботи миёндавраии рӯзи 1 апрел ширкат кунанд. Оқои Зубайдуллоев афзуд дар ҳайати ин гурӯҳ сафирон ва намояндагони Амрико, Олмон, Фаронса, Шветсия ва Маркази САҲА дар Душанбе ва намояндагии Кумиссиюни Иттиҳоди Аврупо шомил хоҳанд шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон созмонҳои хориҷиро дар беэҳтиромӣ ба қонунҳои Тоҷикистон муттаҳам кардааст.





Ба қавли ин ниҳод, сабти номи нозирони байнулмилалӣ то 10 рӯзи интихобот бояд сурат мегирифт. Бо ин вуҷуд Муҳибулло Додоҷонов, райиси дафтари КМИР гуфт ниҳодаш омода аст онҳоро сабти ном кунад. Аммо афзуд оқои Додоҷонов номаи сафоратҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон фиристода шудааст ва танҳо дар сурати додани иҷозат аз сӯи ин ниҳод сабти номи нозирон имконпазир мегардад.





Қаблан Грем Лоттен, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, ки раванди интихоботҳои миёндавраии гузашта дар ҳавзаҳои Қубодиён ва Восеъро назорат кардааст, ҷараёни овоздиҳиро ғайримунсифона арзёбӣ намуда буд. Интихоботҳои миёндавраӣ ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии Фирдавсии пойтахт, Кӯлоб ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сурат мегирад. Дар ҳар се ҳавза номзадҳои ду ҳизби умдаи Тоҷикистон - Ҳизби халқӣ демократӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ барои курсиҳои холимондаи парлумон мубориза мебаранд.

Фарҳоди Мелод, Душанбе
XS
SM
MD
LG