Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду кушта ва ду маҷрӯҳ дар рӯзҳои наврӯзӣ


Як ҷанҷол миёни ҳамсояҳо дар рӯзҳои наврӯзӣ дар Душанбе, ду кушта ва ду маҷрӯҳ бар ҷой гузоштааст.


Хабаргузориҳои маҳаллӣ аз мақомот нақли қавл кардаанд, ки дар яке аз хонаҳои баландошёнаи кӯчаи Маяковскийи пойтахт рӯзи 22 март таҷлили Наврӯз бо ҷанҷоле миёни ҳамсояҳо анҷом ёфтааст. Дар идомаи ҷанҷол, яке аз ширкатдорони он, Н.А., ки 43 сол доштаву дар собиқ корманди милиса будааст, ба сӯи се ҳамсояи худ аз таппонча тир мекушояд. Як нафар кушта ва ду нафари дигар ҷароҳати вазнин мебардоранд.


Н. А. баъдан ба назди як шиносаш, ки аз ӯ қарздор будааст, равона мешавад ва ӯро низ мепарронад. Баъди ҳамаи ин, Н.А. худ ба шӯъбаи корҳои дохила ҳозир мешавад ва ба кардаҳои худ иқрор мешавад.


Ва аммо ду маҷрӯҳи дигар айни ҳол дар беморхонаи мавсум ба Қаряи Боло будаанд ва ҳолашон вазнин арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG