Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти САҲА аз Тоҷикистон боздид мекунанд


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз ба Душанбе бо як сафари серӯза Ҳенри Болтон, мушовири аршади масоили марзии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ташриф хоҳад овард.


Қарор аст, дар ин сафар оқои Болтон бо мақомоти Вазорати умури хориҷа, Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мақомоти гумрук дидору гуфтугӯ кунад.


Ҳамчунин, имрӯз ба пойтахти Тоҷикистон сафари ҳайати дигари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо - раҳбарони умури рафъи низоъҳо Герберт Салбер ва Кетлин Сэмюэл дар назар гирифта шудааст.


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо нашри ин хабар дар сафҳаи интернетиаш мегӯяд, ки он чаҳор рӯз идома карда, дар баробари дидору гуфтугӯҳо бо ҳайати Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон, ин гурӯҳ бо мақомоти сиёсати хориҷии ин кишвар мулоқот хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG