Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср қонуни асосияшро тағйир медиҳад


Имрӯз, 26 март дар Миср раъдиҳӣ барои қабули тағйироту иловаҳо ба қонуни асосии ин кишвар баргузор мешавад.


Ҳукумат мегӯяд, ки тағйироти мазкур як бахше аз ислоҳоти сиёсии кишвар мебошад, аммо ин дар ҳолест, ки созмонҳои ҳуқуқи башар ва мухолифин ин тағйиротро дур аз меъёрҳои демократияву озодии баён арзёбӣ мекунанд.


Дар тағйироти воридшаванда ҳукумат ҳақ хоҳад дошт, бидуни мушкил ҳизби хусусияти мазҳабидоштаро аз ширкат дар низоми сиёсии кишвар дур андозад.


Ҳамаи аҳзоби аслии мухолифини Миср мардумро ба бойкоти раъйдиҳии имрӯза даъват кардаанд.
XS
SM
MD
LG