Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирии пулис бо эътирозгарон дар Минск


Дирӯз, 25 март, полиси Беларус бо ширкатдорони намоиши эътирозӣ дар Минск вориди даргирӣ шуд.


Дар натиҷа, гирдиҳамоӣ бо ширкати ҳудудан 10 ҳазор нафар ба намоиши эътирозии мухолифин табдил шуда, эътирозгарон талаби барканоршавии раиси ҷумҳурӣ Александр Лукашенкоро ба забон оварданд.


Тибқи гузоришҳо, нафаре дар ин задухӯрдҳо зарар надидааст. Мухолифин дирӯз ҳодисаи соли 1918 зидди нирӯҳои болшевикӣ бархостани миллатдӯстони белорусиро таҷлил гирифтанд.


Раҳбари мухолифин Александр Милинкевич ба пуштибононаш гуфт, "мо аксариятро ташкил медиҳем ва пирӯзӣ насиби мо хоҳад шуд".


Лукашенкоро раҳбарони Аврупову Амрико чун диктатори охирини аврупоӣ ном мебаранд.
XS
SM
MD
LG